Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ: Марзҳои Гурҷистон бояд эҳтиром шаванд


Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мегӯяд, созиши бо миёнаравии Фаронса ҳосил шуда қадаме ба пеш аст, вале ҳалли ниҳоии бӯҳрон бояд тақозои эҳтироми тамомияти арзии Гурҷистон аз ҷониби Русияро дар бар гирад.
Баъди музокирот бо президенти Фаронса Николас Саркозӣ дар пойтахти Гурҷистон Саакашвилӣ даъват кард, ки нерӯҳои Русия ба мавқеъҳои то оғози бӯҳрон ишғол намудаашон, яъне то 7-8-уми август ишғол намуаашон баргарданд:
"Низомиёни Русия бояд ба мавқеъҳои то оғози бӯҳрон ишғол намудаашон баргарданд. Ва қадами дуюм, албатта идомаи музокирот, беруншавии нерӯҳо аз тамоми минтақаҳо ва тавре имзо шудааст, табдили онҳо бо нозирони аврупоӣ мебошад. Ин масъалаи авлавиятнок ва ҳадафи мост ва мо ба он мувофиқ мебошем."
Рӯзи душанбе Русия мувофиқат кард, ки дар давоми як моҳи оянда сарбозонашро аз хоки Гурҷистон берун кашад. Вале Русия ӯҳдадор нашуд, ки шумори сарбозонаш дар манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро коҳиш хоҳад дод. Русия истиқлоли ин минтақаҳоро эътироф кардааст ва мегӯяд, ки қарораш бебозгашт аст. Вале Гурҷистон таъкид мекунад, ки ин минтақаҳо бахше аз Гурҷистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG