Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи ҳамлаи ҳавоӣ аз сар гирифта мешавад


Вазорати мудофиаи ИМА мегӯяд, дарёфти навор имкон дод, ки муфаттишони амрикоӣ ҳамлаи ҳавоӣ болои деҳаи Азизободро мавриди бознигарӣ қарор диҳанд. Ба қавли амрикоиҳо дар ин ҳамла аз 5 то 7 фарди осоишта ба ҳалокат расидаанд. Вале ҳукумати Афғонистон таъкид мекунад, ки ҳамлаи ҳавопаймоҳои амрикоӣ болои деҳаи Азизобод, воқеъ дар ғарби ин кишвар, ҳаёти 90 фарди осоиштаро аз байн бурдааст.
Генерал Дейвид Маккайернан фармондеҳи нерӯҳои паймони НАТО дар Афғонистон иброз дошт, ки бознигарӣ дар ҷавоб ба дарёфти навор раҳандозӣ мешавад. Сухангӯи Пентагон Брайан Витман гуфт, ки навор тафсилоти бештаре нахоҳад дод. Сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон дар шаҳри Кобул изҳор намуд, ки наворро як сокини маҳаллӣ дар телефони мобил сабт кардааст.
XS
SM
MD
LG