Эмомалӣ Раҳмон гуфт, «дар рӯзҳои иди истиқлолият як духтари тоҷик обрӯи миллати тоҷикро дар яке аз чорабиниҳо дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баланд бардошт. Ман аз номи ҳозирин ба Таҳмина Ниёзова миннатдорӣ баён мекунам. Аҳсан! Офарин!».
Таҳмина Ниёзова, барандаи ҷоизаи асосии сабқати мусиқии «Панҷ Ситора. Интервидение», ки ба тозагӣ аз шаҳри Сочӣ баргашт, аллакай ба маросимҳои расми таҷлили истиқлолияти Тоҷикиcтон ба сифати меҳмони ифтихорӣ даъват шудааст. Ва сӯҳбати телефонии мо бо Таҳмина Ниёзова ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз баромади ӯ дар Кохи Борбад сурат гирифт.
Нахуст ман Таҳминаро бо пирӯзияш дар «Интервидуние» табрик кардам. Таҳмина мегӯяд, то ҳанӯз дар ҳолати карахтист ва наметавонад ба ғолибияти худ дар ин сабқати байнулмилалӣ бовар кунад.
Таҳмина мегӯяд, «то ба ҳол ба ғолиб омаданам боварӣ надорам. Ҳангоме, ки тариқи телевизиён тамошо кардам, баъдан боварӣ ҳосил кардам. Чунки яку якбора шумораи овозҳо ба тарафдории ман боло рафт ва ин барои ман ғайримунтазира буд».
Ба гуфтаи Таҳмина, ширкати ӯ дар «Интервидение» тасодуфӣ буд. Ӯ меафзояд, танҳо се рӯз қабл аз мӯҳлати охири қабули дархост ба ин озмун огаҳ шудааст ва дарҳол ҳуҷҷат супоридаву пас аз панҷ рӯз аз ҷониби ташкилкунандагони озмун иҷозаи иштирок дар сабқатро дарёфт кардааст. Ва тайи ду рӯз бо кӯмаки волидайн таронаҳоеро, ки мебоист дар сабқат иҷро мекард сабт намудааст.
Таҳмина мегӯяд, зинда хондан барояш ҳеҷ мушкил эҷод намекард, зеро аз синни 12-солагӣ рӯи саҳна зинда месарояд. «Аммо дар рӯзи нахустини озмун аз ҳаяҷони зиёд овозам каме ларзид, вале барои тамошобинон ин хаяҷони ман ноаён монд» - афзуд ӯ. Таҳмина аз ҷумла гуфт, муносибати ӯ бо дигар ширкаткунандагони сабқат дӯстона буд, вале дар рӯзхои баъдии озмун ба пешсафии ӯ бархе аз иштирокдорон рашк мебурданд.
«Ин ҳасадбарии онҳоро ман баръало эҳсос мекардам. Вале ман ҳаргиз аз онҳо намеранҷам», - мегӯяд Тахмина ва меафзояд, «ман танҳо мехостам исми кишвари худро боло барам ва фикр мекунам ба ҳадафам расидам. Дар аввал ҳангоме ки мо бо ҳамдигар шинос шудем, рашку ҳасад ҷой надошт ва ҳама маро мисли хоҳар қабул карданд. Аммо дар рӯзҳои дуввум ва севвуми озмун, инҷо ман аз бурдани исмашон худдорӣ мекунам, аллакай ҳасадбарӣ шурӯъ шуд».
Дар ҳамин ҳол бародари Таҳмина - Муҳаммадазамфар мегӯяд, Таҳмина табиатан шахси меҳрубон ва кушодачеҳра буда, ҳаргиз кинагир нест. Ба гуфтаи Маҳмадзафар, дар аввал падари Таҳмина мухолифи овозхонии духтараш будааст: «Дар аввал падарам ба овозхонии Таҳмина зид буд ва мегуфт овозхонӣ касби духтарона нест. Аммо пас аз он, ки садояш ба падарам писанд омад, ӯ худаш барои Таҳмина оҳанг эҷод мекард».
Тахмина мегӯяд, ғолибият дар «Панҷ Ситора. Интервидение» ӯро нисбати саҳна ва овозхонӣ дилгарм кардааст. Ҳамакнун ӯ дар пайи сабти алъбом ва баргузории барномаи консертии худ дар Тоҷикистон мешавад. Аммо ҳадафи ниҳоии ӯ тасхири саҳнаи ҷаҳонист.