Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ аз Медведев иҷрои созишро талаб мекунад


Имрӯз дар Маскав президенти Фаронса Николас Саркозӣ аз раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев иҷрои созиши оташбасро талаб мекунад. Дар ҳоли баръакс аз эҳтимол дур нест, ки равобити Маскав бо Иттиҳодияи Аврупо зиён бинад. Саркозӣ дар созиши оташбаси иборат аз шаш банд саҳм гирифтааст. Бар пояи он Русия бояд нерӯҳояшро аз хоки Гурҷистон берун кашад.
Мамолики ғарбӣ тақозо доранд, ки Русия нерӯҳояшро ба мавқеъҳои то 7-уми август ишғол намудаашон баргардонад.
Ҳамчунон кишварҳои ғарбӣ аз эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон аз тарафи Русия нигаронанд.
Баъди сӯҳбати кӯтоҳ бо Медведев Саркозӣ ба Гурҷистон рафта бо раисҷумҳури ин кишвар Михеил Саакашвилӣ мулоқот мекунад.
Рӯзи якшанбе Саакашвилӣ гуфт, ки бо кумаки "аҳли олам" ӯ назорат болои ду минтақаи ҷудоихоҳро барқарор мекунад.
Ҳамчунон пешбинӣ мешавад, ки имрӯз Гурҷистон Русияро ба додгоҳи байналмилалии Ҳайг мекашад. Ба қавли Гурҷистон Русия бояд поймолкунии ҳуқуқи гурҷиҳои муқими Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро хотима бахшад.

XS
SM
MD
LG