Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои ҳарбии Русия дар Амрикои Лотин


Ҳуго Чавез, президенти Венесуело.
Ҳуго Чавез, президенти Венесуело.

Мақомоти аршади низомии Венесуело эълон карданд, ки ба зудӣ дар ин кишвар размоишҳои муштараки нерӯҳои Венесуело ва Русия баргузор хоҳад шуд.

Контр-адмирал Салбаторе Каммарата Бастидас, мудири ситоди кашфи стратегии Венесуоело гуфт, дар тамринҳое, ки аз 10-ум то 14-уми ноябр ҷараён мегиранд, наздик ба 1000 сарбози Русия, чаҳор киштии ҷангии ин кишвар, ҳавопаймо ва киштиҳои Венесуоело ширкат хоҳанд кард.

Бастидас гуфт, ин тамринҳо аҳамияти хос хоҳанд дошт, зеро барои нахустин бор хоҳад буд, ки нерӯҳои Русия дар Амрикои Лотин машқи ҳарбӣ хоҳанд кард.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки табодули танқиду иттиҳом байни Вошингтон ва Маскав ба авҷи худ мерасад. Президенти Русия, Дмитрий Медведев рӯзи шанбе Иёлоти Муттаҳидаро айбдор кард, ки бо баҳонаи интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба Гурҷистон таслиҳоти бештар медиҳад.

Вай гуфт: "Бадбахтона, авзоъ чунин аст, ки дар натиҷаи амали чунин нерӯҳо мусаллаҳгардонии режими гурҷӣ идома дорад. Аз он ҷумла зери парчами кӯмакҳои башардӯстона як флоти комил фиристода шудааст."

Дар ҳамин ҳол раҳбари минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон Сергей Багапш аз Русия расман хостааст, нерӯҳояшро дар ин минтақа барои дарозмуддат ҷобаҷо кунад ва аз ҷумла чанд киштии ҷангиро дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ.

Дар ин байн, ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Дик Чейнӣ дар Итолиё, Маскавро ба эҳёи токтикҳои кӯҳнаи тарсонидан ва истифода аз зӯроварӣ айбдор намуд. Вай гуфт, густариши НАТО бо вуҷуди шикоятҳои Русия идома хоҳад кард.

Изҳороти Венесуело ҳамчунин дар ҳоле садо медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида бо ин кишвар мушкилоти ҷиддӣ дорад. Президенти Венесуело Ҳуго Чавез аз мунаққидони оташини Вошингтон мебошад ва ба гуфти худаш, бо Маскав паймони стратегӣ бастааст. Чавез аз мудохилаи нерӯҳои Русия ба Гурҷистон ҳимоят кард ва Вошингтонро айбдор намуд, ки Гурҷистонро барои тазъифи Русия истифода кардааст.

XS
SM
MD
LG