Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Бозиҳои паралимпӣ дар Пекин


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» бо хабари мукофотонидани барандагони медалҳои Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин паҳлавонони Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мошинҳои сабукрави тамғаи «TOYOTA» оғоз мешавад.

Сипас мусоҳибаи мо бо раиси Федеросиюни варзишгарони маълули Тоҷикистон Сафар Боев дар бораи ширкати намояндагони кишвар дар Бозиҳои 13-уми тобистонаи паралимпӣ, ки аз 6-ум то 17-уми сентябр дар шаҳри Пекин доир мегарданд, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Инчунин дар ин барнома сӯҳбате дорем бо раиси Федеросиюни гуштии озод ва юнониву румии Тоҷикистон Саламшоҳ Муҳаббатов перомуни Олимпиадаи Пекин ва натоиҷи ба даст овардаи гуштигирони тоҷик.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG