Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги волии Нуристон дар садамаи наздикии Кобул


Волии вилояти Нуристони Афғонистон дар як садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расид. Дар ин сонеҳа ҳамчунин ду муҳофизи ӯ низ кушта шудаанд. Волӣ Ҳазратуддин аз Нуристон равони Кобул буд, то дар ҷаласаи ҳукумат ширкат кунад. Садама дар минтақаи Сурубӣ, 50-километрии Кобул ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG