Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чейнӣ дар Украина бо мақомот мулоқот мекунад


Муовини раиси ҷумҳурии Амрико Дик Чейнӣ имрӯз дар Украина бо мақомоти ин кишвар дидору мулоқот мекунад. Сухангӯи маъмурияти Амрико гуфт, Чейнӣ бо нахуствазир Юлия Тимошенко мулоқот карда гуфтааст, ки бо иллати Русия имрӯз Украина дар як замони пурчолиш ба сар мебарад. Шоми имрӯз мулоқоти вай бо раиси ҷумҳурӣ Виктор Юшенко дар назар гирифта шудааст ва интизор меравад, ки баъди ин нишаст вай дар мазҳари ом роҷеъ ба ӯҳдадориҳои ИМА дар баробари Украина изҳороте пахш хоҳад кард. Алорағми дидгоҳҳои мухталиф ба масоили дохилии кишвар Юшенко ва Янукович ҳар ду сиёсатмадори рӯ ба Ғарб маҳсуб мешаванд. Дар пайи низои мусаллаҳонаи Русияву Гурҷистон дар моҳи август, сафари муовини раиси ҷумҳурии Амрико ба минтақа ба нишони ҳамраъйӣ ва пуштибонӣ аз муттафиқони Вашингтон арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG