Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзу ва ормони тоҷикони Қирғизистон


Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷики муқими Қирғизистон, дар мавриди ба мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ фаро хондани фарзандони онҳо ҳамеша мушкилот вуҷуд дорад.

Фарзандони онҳо дар ин кишвар феълан дар мактабҳои русӣ ё қирғизӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки аксарияти муҳоҷирони тоҷиктабор дар шаҳри Бишкек ва ноҳияҳои атрофии он сукунат ихтиёр кардаанд, аз ин рӯ фарзандони онҳо ба далели набудани мактаб ё синфҳои тоҷикӣ маҷбуранд ба забонҳои дигар таҳсил кунанд.
Ҳамсуҳбатамон Умед мегӯяд, ки ҳпмроҳи бародару хоҳараш дар мактаби русӣ таҳсил кардаанд, аммо, агар дар инҷо мактаби тоҷикӣ мавҷуд мебуд, ҳатман таҳсил дар мактаби тоҷикиро интихоб мекард.
Ба қавли ӯ, ҳарчанд барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунад, вале ба маънии суханҳои зиёде сарфаҳм намеравад. Аз ин лиҳоз, хулоса мекунад Умед, таъсиси мактаби тоҷикӣ дар Бишкек ва ба он ҷалб намудани фарзандони муҳоҷирони тоҷик ниҳоят зарур аст.
Дар ҳамин ҳол, ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ зарурати таъсиси мактабҳои, ба истилоҳ, «рӯзи якшанбе»-ро дар назар гирифтааст.

Истода Турсунзода, як сокини тоҷиктабори муқими Бишкек, мегӯяд, ки дар ҳақиқати ҳол, дар Бишкек теъдоди муҳоҷирони тоҷик хеле кам мондаанд. Аммо чанд сол, меафзояд вай, агар қаблан як иқдом ҷиҳати ифтитоҳи мактаб ё синфҳои тоҷикӣ дар шаҳри Бишкек гирифта мешуд, фарзандони зиёди муҳоҷирони тоҷик забону фарҳанги худро фаромӯш намекарданд.
Ба андешаи Истода, ҳарчанд баъзе хонаводаҳои тоҷик беш аз даҳсолӣ дар Қирғизистон маскун буданд, вале фарзандони онҳо забони модарии худро дуруст намедонанд ва, зиёда аз ин, дар кадом минтақаи ҷуғрофӣ воқеъ будани Тоҷикистонро намедонанд. Ба ин далел, вай тасмими ҷамъияти тоҷикони Қирғизистонро дар мавриди ифтитоҳи мактаби тоҷикии рӯзҳои якшанбе иқдоми нек ва савоб мешуморад.
Чунин ба назар мерасад, ки тағйири забони таълим дар баъзе мактабҳои тоҷикии Қирғизистон боиси нигаронии равшанфикрони муқими ин кишвар гаштааст. Ба гуфтаи онҳо ин раванд мавҷудияти забону фарҳанги тоҷикиро зери суъол қарор хоҳад дод.
Асомиддин Саидов, сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон, дар ин робита мегӯяд, ки як сафари кориро ба минтақаи ҷануби ин кишвар анҷом дода, бо тоҷиктаборон суҳбатҳои тулонӣ ҳам дошт аст. Аз ин мулоқотҳо, мегӯяд оқои Саидов, чунин натиҷа ҳосил кард, ки теъдоди мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон оҳиста коҳиш мебинанд: ҳолатҳои басташавии мактабҳои тоҷикӣ дар баъзе ҷойҳо мушоҳида мешаванд, ҳарчанд байни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба такомули илму маданият, ба вежа забони тоҷикӣ ва мактабҳои тоҷикӣ созишномаҳо имзо шудаанд.
Ҷаноби сафир инчунин гуфт: «Мо кӯшиш мекунем, ки мактабҳои тоҷикии Қирғизистонро бо китобҳои дарсӣ таъмин кунем ва дар фарогирии тоҷиктаборон ба таҳсил дар донишгоҳҳо дасти кумак дароз кунем. Вале як нуктаро таъкид карданиам, ки, агар басташавии мактабҳои тоҷикӣ ҳамин тавр давом кунанд, наслҳои оянда ҳаргиз моро намебахшанд».
Дар ҳамин ҳол, Ҳурматхони Ҳакимзода, мудири қисми илмии мактаби миёнаи ба номи устод Айнӣ, воқеъ дар ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд, изҳор кард, ки кӯдакони наврасон дар солҳои ахир аз хондани адабиёти бачагона бархӯрдор нестанд: «Ҳатто омӯзгорон забони адабии тоҷикиро оҳиста-оҳиста фаромӯш карда истодаанд, ки боъиси ташвиш аст».
Шоистаи Равшан, устоди Донишгоҳи байнулмилалии Қирғизистон, сари ин иддаъост, ки коҳиши теъдоди мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон маънии аз даст додани ҷавонони зиёди боистеъдоди тоҷикро хоҳад дошт: «Мактаб худшиносии миллиро дар ҳар кӯдак тарбия мекунад ва онҳоро барои ҳифзи забону фарҳанг ҳидоят месозад. Вале имрӯз вазъро чунин арзёбӣ метавон кард, ки бо аз байн рафтани мактабҳои тоҷикӣ ҷавонони зиёди дорои истеъдод низ аз даст мераванд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносони мустақили соҳа мустаҳкам шудани робитаҳои фарҳангии миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва, муҳимтар аз ҳама, боло рафтани ҳисси худшиносии миллии тоҷикони муқими Қирғизистон дар рафъи ин мушкилот омили муҳим хоҳад буд. Дар акси ҳол, мегӯянд онҳо, ҳифзи забону фарҳанги миллӣ чи дар миёни муҳоҷирони тоҷики муқими Қирғизистон ва чи дар байни сокинони тоҷиктабори бумии ин кишвар ба бунбасти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG