Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Гурҷистон як миллиард доллар медиҳад


Амрико қасд дорад бахши аввалини ёриҳо ба Гурҷистонро дар ҳаҷми 530 миллион доллар то охири соли 2008 фиристад.

Вазири умури хориҷи Амрико Кондолиза Райс гуфт, бахши дуввуми ёриҳо дар ҳаҷми 430 миллион долларро маъмурияти раисҷумҳури нави ИМА, ки моҳи январ ба ифои вазифа шурӯъ хоҳад кард, ба Гурҷистон хоҳад фиристод.

Намояндагони ҳар ду ҳизб дар Конгресс ва ҳам дар Сенат аз Гурҷистон якдилона ҳимоят мекунанд.

Ҳаҷми ёрӣ ба Гурҷистон дар асоси арзёбии ниёзмандии ин кишвар аз ҷониби дипломати воломақом муайян шудааст. Гуфта мешавад, ки ин дипломат - Рубен Ҷефрӣ пас аз зиёрат аз Гурҷистон хисороти иқтисод, роҳҳои оҳан ва мошингарди кишвар дар натиҷаи ҳамлаи низомии Русияро арзёбӣ намудааст.

Райс афзуд, ин як миллиард доллар маблағи иловагиест ба ёриҳое, ки қаблан аз ҷониби Вошингтон тасвиб гашта буд. То ҳол ду киштии низомии амрикои бо кӯмаки башардӯстона вориди бандарҳои Гурҷистон шудаанд ва киштии саввум дар зарфи чанд рӯзи дигар хоҳад расид.

Райс гуфт, интизор меравад, ки ёриҳои молии Амрико танҳо бахше аз бастаи кӯмакҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ хоҳад буд. Вай афзуд, Кохи сафед хушҳол аст, ки Гурҷистон барои таҳияи барномаи “ёриҳои зарурӣ” бо Сандуқи байнулмилалии пул ҳамкорӣ мекунад. Ҳадаф аз таҳияи ин барнома бартараф намудани паёмадҳои ҳамлаи низомии Русия ва бозсозии иқтисоди Гурҷистон мебошад. Бино бар изҳороти Райс, Вашингтон талош хоҳад кард, то роҳҳои афзоиши кӯмак ба Гурҷистон аз ҷониби Аврупоро низ ҷустуҷу намояд.

Дар посух ба ин суол ки оё ИМ нақшае барои расонидани ёрии низомӣ ба Гурҷистонро дорад ё на, Райс гуфт, ҳоло вақт барои баррасии мусоидати низомӣ нарасидааст. Дар посух ба суоли он ки Вашингтон нақшаи ҷазо додани Русияро дорад, Райс иброз дошт, Русия худашро худаш ҷазо дод, чунки Гурҷистон тавонист бӯҳрони моҳи гузаштаро паси сар кунад ва иқтисодаш қавӣ боқӣ монд бо вуҷуди он ки ба кӯмак ниёзманд аст. Вай афзуд, Русия наметавонад ҳам мисли Иттиҳоди Шуравӣ дар замони ҷанги сард амал кунад ва ҳамзамон ба ҷомеъаи байнулмилалӣ шомил гардад.

XS
SM
MD
LG