Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои эҳёи Гурҷистон 1 миллиард доллар медиҳад


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш эълон кард, ки Вашингтон барои барқарорсозии Гурҷистон ба маблағи камаш 1 миллиард доллар кумак мерасонад.
ИМА тасмим гирифтааст дар эҳёи иқтисод ва зербино ё худ инфраструктураи Гурҷистон, ки дар ҷараёни низоъ бо Русия тахриб гаштааст, саҳм гирад. Моҳи гузашта Русия имкон надод, Гурҷистон минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро таҳти назорати ҳукумати марказӣ қарор диҳад.
Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс гуфт, президент Буш бовар дорад, ки моҳи январ вақте дар ИМА раисҷумҳури нав сари қудрат меояд, барномаи кумак ба Гурҷистон идома хоҳад ёфт:
"Маъмурияти мо ҳамроҳ бо Конгресс нақша дорад, ки бахши аввали кумакҳо, яъне наздик ба 530 миллион долларро то охири соли 2008-ум ба Гурҷистон фиристад. Мо ҳамчунон мутмаин мебошем, ки ИМА ӯҳдадориашро, ки аз тарафи ҳар ду ҳизб дастгирӣ ёфтааст, иҷро намуда, бахши дуюми кумак, яъне 430 миллион доллари боқимондаро ирсол хоҳад кард."
Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, мувофиқати пешакӣ ҳосил шудааст, ки барои эҳёи баъдиҷангии Гурҷистон 750 миллион доллар тахсис дода шавад.

XS
SM
MD
LG