Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин: Раиси ҷумҳур ба порламон таҳдид кард


Баъд аз шикасти эътилофи ҷонибдори Ғарб дар порламони Укроин имруз Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури ин кишвар таҳдид кард, ки порламонро пароканда мекунад. Вай дар як паёми телвизюнӣ гуфт, ки агар дар зарфи як моҳи оянда эътлофи ҷадид ташкил нашавад, вай аз салоҳияти худ истифода ва порламонро пароканда мекунад. Юшенко гуфт, кудето ё табаддулот дар порламон идома дорад:

"Дируз дар порламон табаддулоти сиёсиву қонунӣ шуруъ шуд. Тасмими зидди укроинӣ ва зиддидавлатӣ гирифта шуд. Блоки Юлия Тимошенко, Ҳиби Минтақаҳо ва кумунистҳо бар зидди Қонуни Аосӣ қонуне ба тасвиб расонданд".
Оқои Юшенко гуфт, ба ҳамаи қонунҳои зидди Қонуни Асосӣ вето мегузорад. Рузи сешанбе порламон қонунҳоеро ба тасвиб расонд, ки салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро коҳиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG