Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич дастгир шуд. Ҷоиза куҷост?


Президенти серб Борис Тадич мегӯяд, Белград рӯи Иттиҳодияи Аврупо фишор хоҳад овард, то вуруди ин кишвар ба Иттиҳодия тезонида шавад.
Дар ҷараёни аввалин боздидаш аз Брусел баъди ҳабси собиқ раҳбари сербҳои Босния Радован Караҷич Тадич гуфт, мо ба Брусел омадаем, то нишон диҳем, ки чӣ корҳоеро ба анҷом расондаем ва чӣ корҳоеро бояд ба анҷом расонем то Сербия ҳар чӣ зудтар узви Иттиҳодияи Аврупо гардад. Ҳукумати серб интизор дорад, ки соли оянда ин кишвар унвони номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупоро касб мекунад.
Иттиҳодияи Аврупо боздошти ҷинояткорони ҳарбиро яке аз шартҳои қабули Сербия ба ин созмон номидааст.
XS
SM
MD
LG