Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши хароҷоти ҳарбии Тоҷикистон


Нерӯҳои низомии Тоҷикистон ҳини машқҳои омӯзишӣ
Нерӯҳои низомии Тоҷикистон ҳини машқҳои омӯзишӣ

Тоҷикистон дар феҳристи даҳ кишваре қарор гирифтааст, ки дар баробари маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш масрафи бештари низомӣ доштааст.

Бар пояи таҳқиқоти анҷомдодаи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии масоили сулҳ дар Стокҳолм, Тоҷикистон дар ин рӯйхат мақоми нӯҳумро соҳиб шудааст.

Тайи даҳ соли ахир таносуби масорифи ҳарбӣ дар баробари маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ё тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон аз якуним дарсад то се дарсад афзоиш пайдо кардааст. Ва бар пояи таҳқиқоти анҷомдодаи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии масоили сулҳи Стокҳолм, дар муқоиса бо як соли пеш ин кишвар махориҷи низомии худро ду баробар боло бурдааст.

Бар асоси пажӯҳиши мазкур дар феҳристи ин даҳ кишвар Гурҷистон дар мақоми аввал қарор гирифта ва аз кишварҳои Шӯравии пешин Қазоқистон Озарбойҷон, Белорус ва Латвия низ низ зикр шудаанд. Ва аммо оё Тоҷикистон кишваре бо бештар аз шаст дарсади ҷамъияти дар ҳоли фаққро чӣ зарурате барои афзоиши хароҷоти низомӣ пеш омадааст?

Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисод ва буҷа дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, афзоиши харҷи низомӣ дар пайи болоравии суръати иқтисодии кишвар имконпазир шудааст. Ва аз тарафи дигар Тоҷикистон ба унвони узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ бояд артиш ва васоили низомии худро ба шароити рӯз мутобиқ созад.

Ин дар ҳолест, ки Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, афзоиши хароҷоти низомӣ барои Тоҷикистонро дар шароити кунунӣ, ки иқтисоди кишвар дар вазъи бад қарор дорад, зарур намешуморад. Аз тарафи дигар, мегӯяд оқои Мамадазимов, кадом таҳиде, ки аз дохил ва хориҷ барои амнияти Тоҷикистон бошад ҳоло вуҷуд надорад.

Аммо Нуралии Давлат, коршиноси тоҷик, мегӯяд, узвият дар ин ва ё он созмон ҳанӯз кафолати кофии таъмини амниятро барои ин ва ё он кишвар фароҳам намекунад. Ва Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил бояд масрафоти низомии худро то ҷое имкон вуҷуд дорад, бештар кунад.

Масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар мавриди таҳқиқоти Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии масоили сулҳи Стокҳолм, ки бар болоравии масорифи низомии кишвар таъкид мекунад, изҳори назар намекунанд. Аммо бар пояи иттиллоъи мунташира, дар соли 1998 ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллӣ дар Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион доллар ва масорифи ҳарбӣ низдик ба 21 миллион доллар будааст. Баъди даҳ сол, дар соли 2007, ин нишондод се миллиарду 700 миллион ва харҷи низомӣ наздики 145 миллион долларро ташкил додааст.

Зимнан Тоҷикистон аз кишварҳое, назири Русия, Чин, Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, кӯмакҳо ба арсаи низомиву амниятӣ дарёфт мекунад.

Русия дар пайи табдили мақоми артиши 201-аш ба пойгоҳ дар қаламрави Тоҷикистон ба ин кишвар ба маблағи 1 миллиард доллар васоили низомӣ ба таври ройгон кӯмак кард. Ва кишварҳои аврупоӣ ва Амрико низ дар доираи иҷрои барномаҳои таҳкими марз ва таъмини амният ба Тоҷикистон то ва баъди ихроҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон даҳҳо миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмакҳои фаннӣ ва низомӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG