Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ҷопон ба истеъфо меравад


Ясуо Фукуда, сарвазири Ҷопон тасмим гирифт, ки ба истеъфо равад. Фукуда раёсати кобинаи вазиронро соли гузашта бар дӯш гирифта буд. Тамоми ин муддат ӯ вориди баҳсҳо бо палатаи болоии порлумони таҳти назорати мухолифин буд, ки дар раванди қабули қонунҳо монеъа эҷод мекард.

Ва аммо истеъфои Ясуо Фукуда маънии баргузории интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ дар Ҷопонро надорад. Ҳизби Либерал-демократӣ метавонад раҳбари нав интихоб кунад ва ба хотири ҳифзи эътилофи ҳукмрон мавзӯъи эътимод ба ҳукуматро дар палатаи поёнӣ а миён гузорад ва пирӯз шавад.

XS
SM
MD
LG