Агар қисми зиёди ин мактаббачагон барои дафъаи чандум ба дабистону дабиристонҳои кайҳо боз ошнову маҳбуби худ омада бошанд, як теъдоди тоза ба синни 7-солагӣ расида бори нахуст ба ошёнаҳои донишу маърифат қадам гузоштанд.
Дар ин мактабҳо ин бачагону духтаронро дар баробари синфхонаҳои мухталиф – чи кушоду озода ва чи, башумор ҳам бошад, тангу нимвайрона – муаллимони ҳалиму меҳрубон ва донову дарёдил ба канори худ мегиранд.
Мутаассифона, соли таҳсили нав дар ҳамаи ин мактабҳо анъанаи неки солҳои гузашта идома наёфт: хонандагон, ки бо ҳазор шодиву ҳавас ба ин даргоҳҳои маърифат омада буданд, бидуни шунидани садои рӯҳнавози занги аввал ба синфхонаҳо даромаданд...