Русия даъват кард, ки то тағйири ҳукумат дар Гурҷистон фурӯши силоҳ ба ин кишвар мамнӯъ эълон шавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии равобити байнулмилалии Маскав кишварҳои Ғарбро ҳушдор дод, ки аз пуштибонии, ба гуфтаи ӯ, режими Саакашвилӣ парҳез кунанд.
Дар ҳамин ҳол қарор аст имрӯз сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар як нишаст дар Брюссел мавзӯъи бӯҳрон дар Қафқозро баррасӣ кунанд. Интизор меравад, ки раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар як қатънома аз якпорчагии Гурҷистон ҳимоят карда, хостори хуруҷи нерӯҳои Русия аз, ба истилоҳ “минтақаҳои амниятӣ” шаванд.
Бегаҳи дирӯз раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз мардуми кишвар даъват кард, ки рӯзи 1 сентябр дар намоишҳои оммавии ваҳдати миллӣ ширкат кунанд.