Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ню-Орлеанз: дар пешорӯи тӯфони “Густав”


Сокинони шаҳри Ню-Орлеанси ИМА қабл аз омадани тӯфони “Густав” ба тарки манзилҳояшон шурӯъ намуданд.

Қатъи назар аз хабарҳо дар бораи наздикшавии ин тӯфон, танҳо баъди ҳушдори ҷиддии шаҳрдор Рэй Нагин ин кори зарурӣ сурат гирифт.Шаҳрдор ба таври возеҳ ба сокинони шаҳр ҳушдор дода гуфт: «Шумо бояд битарсед, бояд нигарон бошед ва шумо бояд фавран кӯчатонро ғундошта, аз Ню-Орлеанз нопадид шавед. Туфоне ки меояд туфони аср хоҳад шуд!»

Дар нишасти махсуси телевизионӣ Р. Нагин хабар дод, ки тӯфон рӯз то рӯз тақвият меёбад: “Ман бояд ба шумо бигӯям, ки ин модари тӯфонҳост. Ин тӯфон чунон нерӯманду чунон зуд рӯз ба рӯз тақвият меёбад, ки ман мутмаъин нестам мо чизеро ба монади он дида бошем. Маркази обуҳавошиносии миллӣ пешгӯи мекунад ки шояд ин бадтарин тӯфонест, ки онҳо тасаввур карда метавонанд. Шояд бар асоси ин изҳорот шумо дар бораи он, ки мо бо чи рӯбарӯ хоҳем шуд, тасаввуроте пайдо кунед”.

Эрик Бланкер, корманди маркази тӯфоншиносӣ, воқеъ дар аёлати Флорида, ба хабаргузории ВВС гуфтааст, ки шояд шаҳрдори Ню-Орлеанз вазъро каме беш аз ҳад даҳшатовар тасвир мекунад, аммо худи ӯ розӣ аст, ки ин тӯфон ба минтақа таҳдиди умда мекунад.

Садҳо ҳазор нафар ҳамакнун дар пайи иҷрои фармони шаҳрдор Ню-Орлеансзро тарк мекунанд ва ин сабаби он шудааст, ки роҳҳои мошингарди аёлати Луизиана феълан сермошин буда, ҳаракат суст ҷараён дорад. Дар шамин ҳол, ҳатто хатҳои телефонҳои ҳамроҳ хеле машғуланд, дар нуқтаҳои фурӯши бензин ҳам сӯзишворӣ намерасад. Ба онҳое, ки нақлиёти шахсӣ надоранд, ҳукумати маҳаллӣ ёрӣ медиҳад.
Тӯфони “Густав” се сол баъд аз тӯфони “Катрина”, ки Ню-Орлеанзро ба харобазор табдил дода, мунҷар ба марги 1 800 нафар гашта буд, ба ин шаҳр хоҳад омад. Аксарияти мардуми ин шаҳр он замон бо сабаби тахриби садҳои дарёӣ дар об ғарқ шуда буд.
Вокуниши суст ва ҳамоҳангнашуда ба туфони Катрина сабаби қурбониёни зиёд ва пайомадҳои фоҷиъаи мудҳиш дар соли 2005 гашта буд.
Ба ақидаи як сокини Ню-Орлеанз, ин дафъа ҳукумати шаҳр бояд омодагии беҳтару бештареро нишон диҳад: “Се сол пеш, ҳангоми зарбаи Катрина, ман дар инҷо будам, манзараи хеле зиштеро медидам: мардум дар таҳлука, кумак намерасид... Имсол дар баробари тӯфони нав бояд омодагӣ беҳтар бошад”.

Номзад ба моқоми раёсатҷумҳурии ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ сенатор Ҷон Маккейн ва муовинаш Сара Пэлин барои боздид аз омодагӣ ба тӯфон дирӯз ба аёлати Миссисипӣ сафар анҷом доданд.
Имрӯз дар аёлати Миннесота бояд анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ доир гардад ва Маккейн ишора намуд, ки набояд анҷуманро лағв кард, балки бояд шеваи ҳамоишро тағйир дод.
Интизор меравад, туфони «Густав», ки дар минтақаи ҷазираҳои Кариб ҳамакнун ҳаёти 80 касро рабудааст, ба туфони дараҷаи қавитарини 5-ум расад.
Ҳарчанд субҳи дирӯз тӯфони «Густав» каме оромтар шуд, суръати шамолаш ҳамоно 200 километр дар як соат боқӣ монд. Пешгӯӣ мешавад, ки ин тӯфон ҳангоми расидан ба обҳои гарми соҳили Амрико тақвият меёбад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки «Густав» аллакай ғарби ҷазираи Кубаро убур намуд ва хонаву роҳҳои онро тахриб кардааст. Дастикам 300 000 сокинони Куба маҷбур шуданд хонаҳояшонро тарк намоянд. Ҳафтаи гузашта ин тӯфон ба Ҳаитӣ, Ҷумҳурии Доминикан ва Ямайка исобати зиёд, аз ҷумла ба иқтисоди онҳо низ хасороти чашмрас ворид карда буд.
XS
SM
MD
LG