Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 милён афғон ин зимистон ба ғазо ниёз доранд


Оксфам-гуруҳи хайрияи бритониёӣ мегуяд, зимистони оянда тақрибан 5 милён нафар дар Афғонистон бо камбуди ҷиддии ғазо ру ба ру хоҳанд шуд. Ба маълумоти Оксфам, барои ин чанд сабаб мавҷуд аст: хушксолӣ, нархҳои баланди маводи ғазоӣ ва набуди амният. Оксфам мегуяд, яке аз манотиқи осебпазир Дайкундӣ мебошад ва ҳукумати Афғонистон барои рафъи ин мушкил ба 400 милён доллар ниёз дорад. Вале маҳофили байналмиллалӣ танҳо як панҷуми ин маблағро ваъда додаанд.
XS
SM
MD
LG