Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона ба милисаҳои Исфара


Яке аз милисаҳои захмин дар бемористон
Яке аз милисаҳои захмин дар бемористон

Дар шоми панҷшанбеи 28-уми август дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, 130 килoметрии шарқи Хуҷанд, ду афсари милиса аз сӯи як гурӯҳи номаълум мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, сахт захмб шуданд.

Афсарони милисаи захмӣ – Фирӯз Олимов ва Ҷамшед Аҳмадов – ҳар ду лейтенанти калон, нозирони минтақавии шуъбаи умури дохилаи Исфара, дар деҳаи Чоркӯҳи ин ноҳия дар беморхонаи марказит Исфара бистарӣ шудаанд.
Маъмуриддин Бобоев, табиби ин беморхона, вазъи онҳоро «вазнини миёна» арзёбӣ кард ва гуфт, ки ба пои ҳардуи онҳо тир расида, устухони коси пойҳояшонро шикастааст.
Вақте ки баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа аз онҳо дидан кардам, чеҳраашон заъфаронӣ ва азияткашида ба назар мерасид, аммо ҳозир шуданд бо Радиои Озодӣ каме сухбат кунанд.
Ба гуфтаи Фирӯз Олимов, зимни анҷоми як амалиёти хидматӣ шоми 28-уми август дар маркази ҷамоъати Чоркӯҳ се шахси шубҳанокро диданд, ва, бадеҳист, ки хостанд шахсияти онҳоро муайян кунанд. Зимни пурсуҷӯ яке аз онхо ногаҳон аз ҷайб силоҳи худкор берун оварда, ба сӯи ӯ оташ кушод: «Вай мехост, ки боз маро хадафи тир қарор диҳад, аммо рафиқонаш фарёд заданд, ки ба пас нигарад. Вай ба ақиб нигариста, аз силоҳи Калашников ба сӯи ҳамкорам Ҷамшед низ тир зада, захмӣ кард».
Баъд аз ин ҳамлаварон зуд аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд, нақл кард Фирӯз.
Ба гуфтаи афсарони захмӣ, ҳамла ногаҳони сурат гирифта, қаблан огаҳӣ ва ё таҳдиде аз чунин ҳамла дарнаёфта буданд.
Дар лаҳзае, ки ин гузориш омода мешуд, дар шуъбаи умури дохилаи Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир як гурӯҳи вижаи зудамал, иборат аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудрати ба ҷустуҷӯи ин ҳамлаварон сафарбар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар шуъбаи милиса хабар доданд, ки шахсияти ҳадди ақалл як нафари ин хамлагаронро ошкор кардаанд ва ӯ сокини Исфара мебошад.
XS
SM
MD
LG