Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон 4000 сентрифуга амал мекунад


Муовини вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, дар ин кишвар 4000 сентрифугаи ғанигардонии уран амал мекунад. Алиризо Шайх-Аттор изҳор намуд, ки дар коргоҳи ҳаставии Натанз 4000 сентрифуга фаъол буда, 3000 сентрифугаи дигар насб хоҳад шуд.
Моҳи гузашта президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфта буд, ки дар Натанз 5000 сентрифуга фаъол мебошад. Вале муфаттишони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ иброз доштанд, ки дар Натанз аз 3000 то 3500 сентрифуга фаъол аст. ИМА ва муттафиқони ғарбии Вашингтон саъй мекунанд , таҳрими Эронро, ки аз қатъи ғанигардонии уран сар мепечад, тавсеа бахшанд. Кишварҳои ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи пинҳонии Эрон тавлиди силоҳи ҳаставӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG