Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раҳбари сербҳои Босния худро бегуноҳ медонад


Дар додгоҳи байналмилалии шаҳри Ҳайг собиқ раҳбари сербҳои Босния Радован Караҷич айбномаи ҷиноятҳои ҳарбиро рад кард.
Додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбии СММ рӯи Караҷич 11 иттиҳом бор кардааст. Дар посух ба суоли додгустар Караҷич гуфт, ки ба суолҳо ҷавоб намедиҳад.
Тибқи қонунҳои додгоҳ хомӯшии Караҷич маънои онро дорад, ки ӯ худро бегуноҳ мешуморад.
Караҷич бо тарҳрезии даҳшатноктарин ҷиноятҳои ҷанги шаҳрвандии Босния дар солҳои 1992-1995: муҳосираи 43 моҳаи шаҳри Сараево ва куштори дастаҷамъии 8000 мусулмон дар минтақаи Сребренитса муттаҳам мешавад. Баъди фирори 13 сола Караҷич моҳи июл дар Сербия боздошт шуда, ба додгоҳи байналмилалии Ҳайг интиқол ёфт.

XS
SM
MD
LG