Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти навбатии СҲШ: суъолҳои посухталаб


Дар нишасти навбатии СҲШ ҳузури Русия дар хоки Гурҷистон ба яке аз мавзӯъҳои калидӣ мубаддал шуд.

Вале шореҳони тоҷик мегӯянд, созмон собит намуд, ки ин як созмони зери нуфузи Русия намебошад, ҳарчанд то кунун вазифаҳои дар назди он истода ба таври мушаххас иҷро намешаванд.
Рӯзи панҷшанбе дар гузоришҳои аксари шабакаҳои ҷаҳонии воситаҳои ахбори умум Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд, вале маркази таваҷҷуҳ на ин бинои тозабунёд ва на нишасти солонаи раҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай, балки арзёбии кӯшиши Русия барои дарёфти пуштибонӣ аз мавқеъи Кремлин дар иртибот бо эътирофи истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхозистон буд.
Дар изҳороти ниҳоии нишасти кишварҳои узви ин созмон (Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон) таъкид шудааст, ки Русия бояд нақши фаъъолаш дар раванди сулҳи Қафқозро ҳифз намояд, вале ягон кишвари узв истиқлоли ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро дастгирӣ накард.
Зоҳиран ИМА пуштибонии заифи кишварҳои узви созмони Ҳамкориҳои Шангҳай аз иқдоми Маскавро бо мавқеъи эҳтиёткоронаи Чин марбут медонад. Ба қавли сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Роберт Вуд, "наметавон гуфт, ки кишварҳои созмони ҳамкориҳои Шангҳай эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон аз тарафи Русияро дастгирӣ мекунанд.
Раиси маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода мегӯяд, Чин исбот намуд, ки дар Созмони ҳамкориҳои Шангҳай мавқеъи ҳалкунанда дорад.
Шореҳони зиёд бар ин назаранд, ки феълан Русияву Чин, ду кишвари асосии Созмони ҳамкориҳои Шангҳай, дар Осиёи Марказӣ манфиъати умумӣ пайдо намудаанд, вале бо мурури замон рақобати онҳо фаъъолияти Созмонро беасар хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, шореҳи тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, ки дар саҳнаи марказии ин созмон ба тардриҷ нақши Қазоқистон бузург мешавад.
Ба истиснои Чин, ҳамаи аъзои боқимондаи Созмони ҳамкориҳои Шангҳай ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ буда, дар як идда созмонҳои минтақавӣ, аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авросиё ва ғайра, узвият доранд. Вале, мегӯяд ӯ, то ҳанӯз ин кишварҳо ба ҳалли ихтилофҳои мавҷуда муваффақ нашудаанд.
Масалан, шарҳ медиҳад Ҳ. Сайфуллоҳзода, то ҳамин авохир марзи миёни Узбакистону Қирғизистон, инчунин марзи Тоҷикистону Узбакистон минакорӣ шуда буд, ва кишварҳои минтақа аз истифодаи мушатараки об ҳам қаноатманд ба назар намерасанд.
Дар ҳамин ҳол, шореҳи маркази таҳқиқоти стратегии назди идораи президенти Тоҷикистон профессор Абдулнабӣ Сатторзода бовар надорад, ки ба СҲШ ҳалли ҳамаи ин ихтилофҳо муяссар мешавад.
Қосими Бекмуҳаммад, шореҳи мустақили сиёсиву иҷтимъӣ, мегӯяд, шояд рақобати кишварҳои бонуфузи созмон ба нафъи аъзои боқимонда анҷом бигирад.
Дар нишасти Душанбе раҳбарони кишварҳои узви СҲШ изҳор намуданд, ки дарҳои ин ниҳоди минтақавӣ барои аъзои нав боз аст. ИН ҳам дар ҳолест, ки Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Муғулистон ва Эрон дар созмон мақоми нозир доранд.
Оё вуруди ин кишварҳо ва баҳси мушкилоте, ки онҳо бо худ меоранд, вазифаҳои то ҳанӯз мушаххаснашудаи Созмони ҳамкориҳои Шангҳайро боз ҳам васеътару тиратар нахоҳанд кард?
Ба ин суол вақт посух медиҳад.
XS
SM
MD
LG