Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Пекин-2008: ҷамъбаст ва натиҷаҳо (видео)


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барномаи навбатӣ ба ҷамъбасти Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин ва натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик бахшида шудааст.

Нахуст мусоҳибаи мо бо раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳруллоҳ Раҷабалиев ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Сипас мо дар бораи паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кг, нақл мекунем.

Инчунин дар ин барнома сӯҳбате дорем бо паҳлавони варзидаи тоҷик Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин дар риштаи гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг ва муштзани моҳир Ҷаҳон Қурбонов, ки дар сабқати бокс дар вазни то 81 кг дар байни панҷ нафар беҳтаринҳо ҷойгир шуд.

Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG