Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис хостори тафтиши мустақилонаи низоъ шуд


Тифлис хостори тафтишоти байнулмилалии низоъ бо Русия шуд. Вазорати хориҷаи Гурҷистон пешниҳод кард, ки як комиссиюни мустақили байнулмилалӣ таъсис шавад ва сабабҳои рух додани ҷанг ва иттилоъ дар бораи поймолсозии ҳуқуқи башар дар ҷараёни низоъро таҳқиқ кунад.

Дирӯз Шӯрои амнияти СММ ба хотири баррасии мавзӯъи бӯҳрон дар Қафқоз боз ҷаласа доир кард ва аммо дар ин нишаст ягон изҳорот ваё қатънома пазируфта нашуд. Шӯрои амният хоҳиши намояндагони Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ барои суханронӣ дар ин нишастро рад кард.

XS
SM
MD
LG