Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 зани нерӯмандтарини рӯи олам


Нашрияи амрикоии " Форбс" бори панҷум рӯйхати 100 зани нерӯмандтарини оламро нашр намуда, таъкид кардааст, ки соли гузашта занон дар рақобат бо мардон пирӯзиҳои нав ба даст оварда, чандин мақоми муассири сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар ихтиёри худ қарор додаанд.

"Forbes" иттилоъ медиҳад, ки ин 100 зани нерӯмандтарин сарфу харҷи беш аз 26 триллион долларро назорат мекунанд.

Бори сеюм маҷаллаи "Forbes" канслери Олмон Ангела Меркелро нерӯмандтарин зани рӯи олам эълон кардааст. Ин рӯйхати 100 зани муваффақи дунё бар пояи корномаи сиёсӣ, таъсири иқтисодӣ ва таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори умум тартиб дода мешавад.

Шейла Бар, раиси муассисаи федералии маблағгузориҳои суғурта ва ё бимаи ИМА дар ҷои дуюм қарор гирифтааст. Аслан, дар миёни 10 зани нерӯманд 8 соҳибкор ҷой гирифтаанд. Котиби давлатии ИМА Кондолиза РАйс, ки соли гузашта дар ҷои ҳафтум буд, имсол ба каме поин фаромада, мақоми даҳумро ишғол намудааст. Эҳтимол ,коҳиши таваҷҷӯҳ ба хонум Райс бо интихоботи президентии моҳи ноябри ИМА ва анҷоми даври раҳбарии маъмурияти президент Ҷорҷ Буш иртибот дошта бошад.

Соли равон воситаҳои ахбори умум ба сенатори амрикоӣ Ҳилларӣ Клинтон дар муқоиса бо дигарон таваҷҷӯҳи бештар нишон додаанд, вале ӯ аз мақоми 25-ум ба 28-фаромад. "Forbes" навиштааст, ки эҳтимол агар ҳизби демократ хонум Клинтонро номзад барои курсии раёсатҷумҳурии ИМА пешбарӣ мекард, мақоми ӯ болотар мебуд.

Муаллифони рӯйхат бар ин назаранд, ки қироати корномаву қиссаҳои ҳаёти занони нерӯманд хеле ҷолиб аст. Аз миёни 100 зани нерӯманд 54 нафар соҳибкор, 23 кас сиёсатмадор ва боқимонда занони номдору раҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ мебошанд. 55 хонуми нерӯманди олам дар ИМА ва боқимонда дар кишварҳои дигар ба сар мебаранд.

Тахминан аз се як ҳиссаи рӯйхати занони нерӯманд имсол нав шудааст. Масалан, президенти тозаинтихобшудаи Аргентина Кристина Фернандес ва Риса Лавизо-Мурӣ мудири бунёди Роберт Вуд Ҷонсон бори аввал дар байни 100 зани нерӯманд ҷойгир шудаанд.

Ҷои ёдоварист, ки дар ин рӯйхати номҳои занон аз мамолики исломӣ: ду зани соҳибкор аз Туркия, ду зан аз Имороти Муттаҳидаи Араб, маликаи Урдун Рания, як зани соҳибкори кувайтӣ ва раиси ниҳоди мустақили дидбони ҳуқуқи башари Афғонистон Симо Самар ба чашм мехӯранд.

XS
SM
MD
LG