Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми нишасти сарони СҲШ


Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар поёни нишасти 8-умини ин созмон дар Душанбе, ки имрӯз ба охир расид, Эъломияи Душанберо қабул карданд.

Дар Эъломия аз ҷумла омадааст, ки ҳалли зиддиятҳои маҳаллӣ тариқи силоҳ ва таҳким бахшидани амнияти худ аз ҳисоби зарар ба амнияти дигарон дархӯри амнияти саросарӣ нест.

Ҳамчунин, дар ин Эъломия зикр шудааст, ки ба таҳдидҳои умумӣ бояд тариқи риояи бекамукости оинномаи Созмони Милал ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ муносибат шавад.

Дар Эъломия омадааст, кишварҳои узви СҲШ аз вазъи қаблан дар атрофи қазияи Осетияи Ҷанубӣ ба вуқӯъ пайваста, изҳори нигаронӣ карданд ва хостори ҳалли қазия тариқи музокирот шуданд.

Кишварҳои узви СҲШ аз 6 меъёри танзими низоъ дар Осетияи Ҷанубӣ истиқбол карда, аз нақши фаъоли Русия дар мусоидат ба сулҳ ва ҳамкорӣ дар ин минтақа пуштибонӣ карданд.


Раисҷумҳурони Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунин зери санадҳои ҳамкорие дар мавриди тавофуқ сари тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар роҳи мубориза алайҳи фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи аслиҳа ва маводи тарканда, меморандуми ҳусни тафоҳум миёни Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Аврупо ва ғайра имзо гузоштанд.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари давраии СҲШ натоиҷи нишастро хулоса кард. Вай аз ҷумла гуфт, ҳамоиши имрӯзаи Созмони ҳамкории Шонгҳой хеле пурсамар ва фарогири тамоми масоили мавриди баҳсу баррасӣ буд. Сарони кишварҳои созмон тавсеъаи муносиботи ҳамкорӣ миёни кишварҳои узвро таъйид карданд ва мо мавзӯъҳои ҳамкории бисёрҷониба ва ҳамчунин масъалаҳои ҷаҳони имрӯзро баррасӣ намудем.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, тайи як соли гузашта Созмони ҳамкории Шонгҳой фаъолияти хеле назаррас нишон дод. Ниҳодҳои мухталифи созмон бо фаъолияти босамари худ ба муваффақиятҳои зиёд ноил шуданд. Ба хусус ҳамкориҳо дар бахшҳои таъмини амният ва тиҷорат корҳои зиёд анҷом дода шуд. Самтҳои ҳамкории кишварҳои узви созмон дар ҳоли афзоиш мебошад.

Дар кори нишасти сарони кишварҳои узв дар созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Дмитрий Медведев - раисҷумҳури Русия, Ҳу Ҷинтао - раисҷумҳури Чин, Нурсултон Назарбоев – раисҷумҳури Қазоқистон, Ислом Каримов – раисҷумҳури Узбакистон, Қурмонбек Боқиев – раисҷумҳури Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон – раисҷумҳури Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳамчунин, ҳайъатҳои давлатии кишварҳои нозир дар СҲШ: Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон низ дар кори ҷаласа иштирок карданд. Афғонистон низ ба ҳайси меҳмон ҳузур дошт. Эрон ва Афғонистонро раисҷумҳурони ин кишварҳо: Маҳмуд Аҳмадинажод ва Ҳамид Карзай намояндагӣ карданд.

Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунин зери санадҳои ҳамкорие дар мавриди тавофуқ сари тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар роҳи мубориза алайҳи фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи аслиҳа ва маводи тарканда, меморандуми ҳусни тафоҳум миёни Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Аврупо ва ғайра имзо гузоштанд.
XS
SM
MD
LG