Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия - раҳбари давраии навбатии СҲШ


Федеросюни Русия раҳбари давраии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой интихоб гардид.

Дар ин бора президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз, дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе хабар дод. Президенти Қазоқистон аз як соли раҳбарии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой қадрдонӣ намуд, ва гуфт, «дар ин муддат дар чаҳорчӯби ин созмон корҳои зиёде анҷом ёфтаанд.»

Президенти Қазоқистон дар суханронии худ аз амнияти ғизоӣ дар фазои Созмон нигаронии худро изҳор дошт ва ҳамчунин илова намуд, ки сарфи назар аз имзои санадҳои зиёд ҳамокриҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои узви созмон ба оҳистагӣ пеш мераванд.

Ӯ пешниҳод кард, то Шӯрои байнибонкии ин созмон нишастҳои худро ба таври пайваста баргузор намояд. Аз пешниҳодоти дигари Нурсултон Назарбоев бунёди бозори ягонаи энержӣ буд. Нурсултон Назарбоев гуфт, то соли 2020 сӣ дар сади маҷмӯъи маҳслуоти дохилии ҷаҳон ба кишварҳои узви Созмони ҳамокриҳои Шонгҳой рост хоҳад омад.

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия гуфт, мутмаин аст, ки мавқеъи аъзои СҲШ дар қиболи ҳаводиси ахир дар Қафқоз вокуниши байнулмилалӣ ба бор хоҳад овард.

Раисҷумҳури Русия гуфт, талошҳои бо роҳҳои зӯрӣ ҳал кардани мушкилот феълан низ идома дорад ва Гурҷистонро ба ҳайси намуна овард.

Дмитрий Медведев ҳамчунин ба ташдиди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва терроризм таъкид кард.

Раисҷумҳури Русия талоши бархе аз кишварҳо барои узвият дар СҲШ-ро нишони аҳаммияти бештар касб кардани СҲШ дар саҳнаи ҷаҳонӣ номид.

Раисҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао зимни суханронии худ аз раванди фаъолияти Созмони ҳамкории Шонгҳой изҳори қаноатмандӣ намуд. Вай аз ҷумла масъалаи қочоқи маводи мухаддирот ва гурӯҳу қувваҳои тундрави байнулмилалиро аз масоили доғ дар паҳнои кишварҳои СҲШ номид ва тақвияти мубориза дар ин самтро хеле муҳим номид.

Раисҷумҳури Чин ҳамчунин тавсеъаи ҳамкориҳои кишварҳои узви созмон дар бахшҳои мухталиф ва тақвияти амният дар минтақаро зарур шумурд. Вай бо ишора ба захоири бузурги гидроэнергетикии бархе аз кишварҳои узви созмон ва эҳтиёҷи дигар кишварҳои узв гуфт, бояд ҳамкориҳо дар бахши энержиро тавсеъа дод.

Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, дар ҳафт соли ахир СҲШ ба як созмони муҳимми байнулмилалӣ табдил ёфтааст.

Раисҷумҳури Қирғизистон ба тақвияти сохтори зидди мубориза бо терроризм таъкид намуд ва гуфт, кишвараш аз пешниҳоди Русия дар мавриди конфронси махсус дар масоили Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад.

Қурмонбек Боқиев ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар ду сол як бор Анҷумани ҷавонони кишварҳои узви СҲШ дар Қирғизистон баргузор шавад.

Яке аз вазоифи феълии СҲШ-ро президенти Қирғизистон тақвияти бештари нақши СҲШ дар саҳнаи ҷаҳонӣ номид.

Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, ҳини суханронӣ таъмини амният дар паҳнои СҲШ, ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисод ва башариро масоили калидӣ унвон кард.

Раисҷумҳури Узбакистон афзуд, кишварҳои узви созмонро мебояд имрӯз бештар ба тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба дар бахшҳои нақлиёт, сайёҳӣ ва техногияи нав таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, кишвари раҳбари давраии феълии СҲШ гуфт, созмон дар баробари СММ бояд як ниҳоди марказӣ дар роҳи мубориза алайҳи мухаддирот шавад.

Президенти Тоҷикистон гуфт, мехоҳад бори дигар таваҷҷӯҳи кишварҳои узви созмонро ба пешниҳоди кишвараш дар мавриди таъсиси як маркази махсуси мубориза бо маводи мухаддир дар Душанбе ҷалб кунад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҷалби кишварҳои нозир дар СҲШ дар иҷрои лоиҳаҳое, ки аҳаммияти минтақавӣ доранд, ва тақвияти ҳамкориҳои СҲШ бо Афғонистон таъкид кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар охири сухани худ гуфт, бо он ки раҳбарии давраии СҲШ бар дӯши Русия мегузарад, имконоти созмон бештар хоҳад шуд.

Қарор шуд, то нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ соли оянда дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир шавад.

XS
SM
MD
LG