Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии матбуоти Ғарб


«Файненшл таймс»-и Бритониё назари Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия дар робита ба зарурати шинохти истиқлоли Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон аз сӯи Русияро нашр карда, ва навиштааст, ин иқдоми хеле мушкил буд, вале бе таҳлили паёмадҳои эҳтимолии он низ гирифта нашудааст. Рӯзнома аз қавли Президент Медведев навиштааст, Гурҷистон тули ин солҳо бо нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллии осетину абхазҳо амал мекард ва ҳатто дар ҳалли мушкил бо ин ду минтақа аз нирӯи низомӣ кор гирифт ва Русияро ба ҳифзи онҳо водор кард.

Рӯзномаи олмонии «Билд» бо Михаил Саакашвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон сӯҳбати ихтисосӣ анҷом додааст. Оқои Саакашвилӣ ба суоли рӯзнома, ки оё пас аз шинохти истиқлоли Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон аз сӯи Русия Гурҷистон имкони муқобилият бо ин абарқудратро дорад, посух додааст, ки «на, бо усули низомӣ ҳеҷ имкон надорад».

Ва раисҷумҳури Гурҷистон ҳамчунин афзудааст, Русия аз тариқи зуроварӣ марзҳои Аврупоро тағйир медиҳад ва агар Аврупо бо ин амалҳо созиш кунад, Русия дар оянда низ инчунин иқдомҳои ҳамла ба кишварҳои соҳибистиқлолро идома хоҳад дод. Саакашвили ҳамзамон дар ин мусоҳибаи худ Русияро дар содир кардани ҷиноёти низомӣ алайҳи мардумии осоиштаи гурҷӣ муттаҳам намуда ва гуфтааст, Русия ҳеҷ гоҳ собит карда нахоҳад тавонист, ки Гурҷистон дар муқобили мардуми Осетияи ҷанубӣ ҷиноёт содир кардааст.

Рӯзномаи амрикоии «Уол стрит ҷорнел» аз ҷараёни воқеот дар бӯҳрони Қафқоз хулоса бардоштааст, ки Русия хунсард аст, аммо Аврупо заъиф. Ва навиштааст, ки ин буҳрон ба чӣ анҷом мешавад, ҳанӯз маълум нест, аммо қудрати Русия дар фазои Шӯравии собиқ бо зулму зӯроварии худ фарқкунанда аст. Ва бар изофа, афзудааст рӯзнома, Русияи нав ба эътирозу интиқоду таҳдидҳои беруна дар муқобили амалкарди худ гӯши ношунаво дорад.

Рӯзномаи «Гардиан»-и чопи Ландан тахмин мезанад, ки калиди қуфли мушкилоти бӯҳрони Қафқоз шояд дар Балкан нуҳуфтааст. Вале, меафзояд, ба фарқ аз Босния, ки дар он ҷо пас аз ҷанг нирӯҳои байнулмилалии сулҳхоҳ ҳузур пайдо карданд, дар Қафқоз русҳо ба сифати ягона нирӯҳои сулҳовар, миёнарав ва халадоркунандаи осоиштагӣ мақом доранд. Ба қавли рӯзнома, ҳалли қазияи Қафқоз бе ҳузури нирӯҳои байнулмилалии сулҳхоҳ ғайриқобили имкон аст.

XS
SM
MD
LG