Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳлилгарони рус дар интизори ахбор аз Душанбе


Ба эътиқоди таҳлилгарони сиёсӣ дар Маскав, дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе эътирофи истиқлоли Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ яке аз масъалаҳои калидии мавриди баҳс хоҳад буд.

Ба навиштаи рузномаи НГ, чопи Маскав, Русия дар ин нишаст талош хоҳад кард, то аз мавзеъи худ пуштибонӣ ёбад, вале дарёфти чунин пуштибонӣ ба гумон аст.

Ин дар ҳолест, ки раиси Маркази иттилооти сиёсӣ Алексей Мухин мегӯяд, Русия ба пуштибонӣ ниёз надорад, тасмими худро ба ҳайси давлатӣ соҳибистиқлол гирифтааст ва ин роҳест бебозгашт. Коршинос мегӯяд, кишварҳои узви созмони Шонгҳой амалан аз мавзеъи Русия ҷонибдорӣ мекунанд, вале ин пуштибонӣ ғайрирасмӣ хоҳад буд, зеро ҳар кадом аз ин кишварҳо ба мушкилоти ҷудоиталабӣ рӯбаруянд. Ба вижа Чин.

Мавзеъи Чин хеле муҳим аст, вале Чин истиқлоли Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистонро дастгирӣ намекунад, ҳамзамон Чин ҳеҷ гуна таҳрим бар зидди Русияро дастгирӣ нахоҳад кард, ба ин далел ки Русия бе ҳеҷ гуна нақзи қонуни байнулмилалӣ аз намунаи Косово истифода кардааст.

Сиёсатшинос афзуд, ба фикраш, дар ин робита дар Душанбе эъломияе интишор хоҳад шуд, ки кишварҳои узви Созмони Шонгҳой амалкарди Русияро дарк, вале онро дастгирӣ намекунанд. Ин барои Русия ҳеҷ гуна пайомади нохуш нахоҳад дошт, зеро Русия ба ҳайси давлати соҳибихтиёр иқдом кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Глеб Павловский, раиси Бунёди сиёсати муассир гуфтааст, дастёбӣ ба тафоҳум бо кишварҳои узви Созмони Шонгҳой дар ин масъала барои сиёсати берунии Русия зиёд арзиш дорад. Донишманд ба мақомоти кишвари худ машварат додааст, Русия дар ҷараёни баррасии авзоъи пиромуни Абхазистон ва Осетияи ҷанубӣ дар нишасти Созмони Шонгҳой дар Душанде бояд тавзеҳ намояд, ки амалкарди вай ба маънии пуштибонӣ аз ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ нест, то нигарониҳои бархе аз ҳамкоронро коҳиш бидиҳад.

Сиёсатшинос Александр Князев ҳадс мезанад, Душанбе маконе хоҳад шуд, ки сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро лозим меояд, бо кӣ будани худро муайян намоянд. Ба эътиқоди вай, барои Осиёи Марказӣ низоъи гурҷҳову осетинҳо фоли бадест. Имкон дорад, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бознигарии марзҳои мавҷуда иқдом кунанд, мегӯяд сиёсатшинос Князев.

Нишасти Шонгҳой дар Душанбе нахустин ҳамоиши густурдаи байнулмилалӣ пас аз он аст, ки Маскав Абхазистон ва Осетияи ҷанубиро ба ҳайси давлатҳои мустақил расман шинохт, ба ҳамин хотир, дар маҳфилҳои хабарӣ ва сиёсии Русия нишасти Душанбе бештар дар бастагӣ бо таҳаввулот дар Қафқоз баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG