Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо эътирофи истиқлоли ҷудоихоҳонро маҳкум кард


Вазири корҳои хориҷии Британия Дейвид Милибанд мегӯяд, президенти Русия Дмитрий Медведев "масъулияти бузург" дошт, то аз оғози ҷанги сарди нав ҷилавгирӣ кунад. Аснои боздиди Украина Милибанд иброз дошт, ки кишварҳои ғарбӣ бояд барои Русия нархи беэҳтиромӣ ба масъулияташро баланд бардоранд.
Британия эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон аз ҷониби Русияро маҳкум намуда, ташкили эътилоф бар зидди таҷовуз дар Гурҷистонро пешниҳод кардааст.
Дар ҳамин ҳол кантслери Олмон Ангела Меркел аснои сӯҳбати телефонӣ бо президенти Русия Дмитрий Медведев гуфтааст, ки эътирофи истиқлоли ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон мухолифи қонунҳои байналмилалист.
Дар изҳороти Олмон гуфта мешавад, ки идомаи ҳузури сарбозони Русия дар хоки Гурҷистон поймолкунии созиши сулҳ аст, ки бо миёнаравии Иттиҳодияи Аврупо ба имзо расидааст.

XS
SM
MD
LG