Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод


Имрӯз, 27-уми август, соати 15.00 мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои эронияш Маҳмуди Аҳмадинажод дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки тайи ин дидори раисони ҷумҳури ду кишвар чанд созишномаи нави ҳамкории дуҷониба имзо шавад.

Дар бораи тафсилоти дидор ва гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуди Аҳмадинажод хабарнигори радиои Озодӣ дар давоми гузориш хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG