Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопайморабоён мусофиронро раҳо карданд


Назар ба ахбори расида гурӯҳи ҳавопайморабо ба истинои экипаж ҳамаи мусофирони ҳавопаймои судониро раҳо кардааст. Ҳавопаймо бо 100 мусофир ва аъзои экипаж рӯзи сешанбе аснои ҳаракат дар хат-сайри Дорфур-Хартум рабуда шуд.
Ҳавопаймо феълан дар шаҳри Куфраи Либия мебошад. Ҳавопайморабоён, ки шумораи онҳо тахминан 10 нафар аст, талаб кардаанд, ки барои парвоз ба пойтахти Фаронса ба онҳо маводи сӯхт дода шавад.
XS
SM
MD
LG