Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондолиза Райс, Исроил ва силоҳи ҳастаии Эрон


Кондолиза Райс ва Эҳуд Барак
Кондолиза Райс ва Эҳуд Барак

Боздиди вазири хориҷаи Амрико Кондoлиза Райс аз Исроил идома дорад.

Гуфта мешавад, дар баробари пешравиҳову саддҳо дар ҷараёни сулҳ бо Фаластин, ахиран мавзӯъи Эрон ва хатароти барномаҳои ҳастаии ин кишвар баррасӣ шуд.
Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак гуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ "Эронеро, ки дар ҳоли густариши тавонмандиҳои ҳасатаиш мебошад" қабул нахоҳад кард. Баъди мулоқоти Барак бо вазири хориҷаи Амрико Кондализа Райс дар Байтулмуқаддас дар изҳороти вазорати дифоъи Исроил гуфта шуд, ки ин кишвар Эрони дорои қобилияти ҳастаиро қабул надорад. Эҳуд Барак дар суҳбат бо Райс гуфтааст, ки "ИМА бояд ҷорикунии таҳримҳои корсози иқтисодиро болои Теҳрон идома диҳад, то Эронро аз тавони эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ" боздорад.
Кондолиза Райс рӯзи душанбе барои идомаи музокироти сулҳи Ховари Миёна вориди Телавив шуд.
Исроил Эронро ба унвони як хатари стратегӣ барои худ азёбӣ мекунад, ва дар ҳамовозӣ бо ИМА мегӯяд, ки ин кишвар дар андешаи тавлиди бомбаи ҳастаӣ мебошад. Эрон пайваста ин гуна иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки барномаи ғанисозии ураниумаш танҳо бо ҳадафҳои сулҳомез ва бо нияти тавлиди нерӯи барқ пиёда шудааст.
ИМА, ки ташаббускори ҷорисозии таҳримҳои иқтисодӣ болои ин кишвар шудааст, ишора кардааст, ки омода аст барои халъи силоҳ шудани Эрон аз ҳама тадбирҳо кор бигирад. Аммо бо ин вуҷуд то имрӯз ин кишвар танҳо аз роҳи дипломатӣ талош дорад мақомоти ҷумҳурии исломиро мутақоъид созад, ки аз ин роҳ баргардад. Дар ин замина дар суҳбат бо радиои артиши Исроил Эҳуд Барак гуфт: "Мавқеъи ИМА мушаххас аст. Онҳо дар марҳилаи кунунӣ намехоҳанд ба ҳеч гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон даст зананд". Баракинчунин афзуд: "Мавқеъи мо ин аст, ки ҳеч гузинае набояд аз мадди назар дур монад, аммо дар айни замон мо бояд дар самти дипломатӣ ба пешравиҳо даст ёбем".
Дар изҳороти вазорати дифоъи Исроил аз қавли Эҳуд Барак омадааст, "Исроил аз талошҳои Эрон дар самти тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ аз наздик мушоҳида мекунад".
Шӯрои амнияти СММ дар гузашта се дафъа алайҳи Эрон таҳримҳо ҷорӣ карда, аз ин кишвар хатми ғанисозии ураниумро тақозо кардааст. Ҳамаи ин таҳримҳоро Теҳрон то имрӯз нодида гирифта, ба ҳаққи худ барои доштани барномаи ҳастаӣ тарҷеҳ додааст.
Моҳи сентябр қарор аст масоъили марбут ба барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон дар Вена, дар мақарри ожонсии байнулмилалии энержии атомӣ, баҳсе вобаста ба СММ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG