Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории Маскав бо НАТО сахт коҳиш ёфтааст


Русия ҳамкориашро бо паймони низомии НАТО дар як силсила масоил мутаваққиф сохта, аз ҷумла сафари дабири кулли он паймон Яап ду Ҳуп Схефферро ба таъхир андохтааст.

Сафири Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин гуфт, Маскав машқҳои муштарак бо ин паймонро лағв карда, то шаш моҳ қатъ кардани ҳамкориаш дар амалиётҳои ҳимоят аз сулҳро низ салоҳ медонад. Аммо Рогозин гуфта, ки Русия ҳамкориаш бо НАТО дар Афғонистонро дар ҳоли ҳозир идома медиҳад.

Ин иқдом дар пайи вокуниши шадиди Ғарб ба таҷовузи низомии Русия ба Гурҷистон иттихоз шудааст.

XS
SM
MD
LG