Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Сухуми ва Схинволиро ба расмият шинохт


Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, эълом кард, ки ин кишвар истиқлоли Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро расман эътироф мекунад.

Дмитрий Медведев гуфт, зери санади эътирофи истиқлоли ин ду ҷумҳурӣ имзо гузоштааст. Ӯ гуфт: "Тасмим дар ин маврид осон набуд, вале ин танҳо василаест, барои наҷоти ҷони он афроде, ки дар ин ду минтақа ба сар мебаранд"

Ин ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон дар ҳафтаи гузашта аз Маскав хоста буданд, онҳоро ба расмият бишиносад.

Рӯзи душанбе, 25 август, ҳарду маҷлиси порлумони Русия аз истиқлоли Абхозистону Осетияи ҷанубӣ пуштибонӣ намуда, аз раисҷумҳур Медведев дархост карданд, ки истиқлоли ин кишварҳоро эътироф кунад.

XS
SM
MD
LG