Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз барқ қарздоред? «Ахбор»-ро гӯш кунед!


Ширкати «Помир энержӣ» гуфт, қарзи идораву муассисаҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ ва шаҳрвандон барои истифодаи нерӯи барқ аз ин ширкат аз 2,5 миллион сомонӣ убур кардааст ва ин ҳолат вазъи барқрасониро дар фасли зимистон ба мушкилот рӯбарӯ хоҳад кард.

Бинобар иттилоъ, аксари кулли қарздорон ба шаҳри Хоруғ рост омада, қарзи аҳолии вилоят бештар аз як миллион ва идораву муассисаҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, агарчанде барномаҳои ҳаҷвӣ ва мазҳакавӣ кайҳо аз феҳрасти шабакаи намоишҳои телевизиони вилоятӣ берун шудаанд, аммо сокинони Хоруғ мегӯянд, ки алҳол ҳангомаи асосӣ онҳоро дар поёнии барномаи ахбор, ҳангоме, ки банавбат ному насаби қарздорони ашаддӣ қироат мешавад, интизор ҳаст.

Сардори ширкати «Помир энержӣ» Далер Ҷумъаев мегӯяд, ки агарчанде дар шуури истеъмолкунандагон дар мавриди дарки зарурати пардохти ҳаққи нерӯи барқ таҳаввулоти мусбат ба вуҷуд омадааст, аммо ин раванд ҳанӯз фарогир набудааст. Вай гуфт, ки бинобар мушоҳадаҳо, алҳол буҷаи хонаводагӣ асосан дар дасти ашхоси аз 30 сола боло қарор дорад, ва бештарашон афроде ҳастанд, ки ҳануз чанд даҳсола қабл ба пардохт накардани ҳаққи истифодаи барқ одат кардаанд. Сардори ширкат баён дошт, ки ба ҳисоби миёна ҳар як хонавода дар фасли тобистон моҳе барои истифодаи нерӯи барқ 18 сомонӣ пардохт мекунад ва ин дар муқоиса ба 5 литр сӯзишвории моеъ баробар аст, ки қариб ҳар як хонавода дар ҳамин муддат барои иҷрои дигар корҳо истифода мебарад ва аз ин рӯ қимат намебошад.

Мутахассиси пешбари идораи иқтисоди вилоят Валимуҳаммад Валдошев изҳор намуд, ки дар ҷумҳурӣ тибқи санадҳо 9 намуди истеъмолкунандагони барқ муайян шудаанд, ки барои бархеяшон имтиёз таъйин шудааст. Вай афзуд, хизматрасонии ширкат ба истеъмолкунандагон умдатан аз рӯи усули тиҷоратӣ ва гайритиҷоратӣ амалӣ шуда, ҳаққи барқ назар бар дигар манотиқ қариб 3 маротиба зиёдтар мебошад.

Аммо Далер Ҷумъаев баён дошт, ки ширкат 10 дар сади ҳаққи пардохти истифодаи барқро барои иҷрои лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ихтисос медиҳад. Вай гуфт, ки аллакай бо чунин маблағ дар ноҳияи Ванҷ корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ ва дар ноҳияи Рушон сохтмони майдони варзишӣ анҷом шуда, имкон дорад, ки дар оянда дар дигар навоҳие, ки аз ширкат қарздор нестанд, лоиҳаҳои дигар, ба мисли сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ амалӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG