Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони Иттиҳоди Аврупо Гурҷистонро баррасӣ мекунанд


Масъулони ҳуқуқи башари Аврупо аз Осетияи Ҷанубӣ дидан карданд.
Масъулони ҳуқуқи башари Аврупо аз Осетияи Ҷанубӣ дидан карданд.

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтаанд, 1-уми сентябр мулоқоте доир намуда, вазъи Гурҷистон ва ҳузури сарбозони Русия дар ин кишварро арзёбӣ кунанд.

Вале Русия гуфтааст, ки аз муҷозоти эҳтимолӣ хавф надорад ва ҳозир аст, кӯшишҳои вуруд ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва ҳамкорӣ бо НАТО-ро канор гузорад. Бар илова, бо ишора ба низоъ дар минтақаи ҷудоихоҳи назди рӯди Днестр Маскав ба Молдова ҳушдор додааст, ба хатоҳои шабеҳи Гурҷистон роҳ надиҳад.

Рӯзи душанбе, 25 август, Фаронса, ки раҳбарии даврии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад, гуфт, аз гузоришҳо дар бораи ғорату дуздӣ, таҳдид ва маҳви хонаҳои мардум дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубии Гурҷистон нигарон аст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Фаронса гуфтааст, ки ҳодисаҳо дуздиву ғорат ва тахриби хонаҳо дар Схинвалӣ ва Ахалгории Осетияи Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст.

Рӯзи якшанбе, 25 август, президенти Фаронса Никола Саркозӣ эълон кард, ки 1-уми сентябр мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бахшида ба арзёбии бӯҳрони Гурҷистон барпо мешавад. Кишварҳои узви ИА қатъномаи қонунгузорони Русия дар мавриди эътирофи истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистонро танқид намудаанд.

Ба ақидаи Олмон, хуб мебуд, агар президенти Русия Дмитрий Медведев ташаббуси эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро, ки аз тарафи қонунгузорони рус матраҳ шудааст, нодида гирад. Олмон мегӯяд, ки Русия шарики кории Иттиҳоди Аврупо мебошад ва бидуни ҳамкории аъзои ин Иттиҳод ислоҳоти Русия нотамом хоҳад монд.

Ҳамин гуна, вазири корҳои хориҷии Италия Франко Фратинӣ ҳам ба ҳамтои русиаш Сергей Лавров машварат додааст, ки Кремл ҳангоми арзёбии истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон аз эҳтиёт кор гирад. Фратинӣ афзудааст, ки Русия бояд бар асоси барномаи иборат аз шаш бахши президенти Фаронса нерӯҳояшро аз хоки Гурҷистон берун барорад. Вале ба назар мерасад, ки машваратҳои дӯстонаи кишварҳои аврупоӣ ба Русия таъсири зиёд надоранд.

Русия бар иловаи ташкили ба ном "камари амниятӣ" дар атрофи манотиқи ҷудоихоҳ таъкид мекунад, ки бандари Потии Гурҷистонро таҳти назорати доимӣ қарор дода, киштиҳои воридшавандаву беруншавандаро мавриди тафтиш қарор хоҳад дод. Ин иттилоъро муовини раиси ситоди кулли нерӯҳои Русия генерал Анатолий Ноговитсин тасдиқ кард.

Ҳамчунон, рӯзи душанбе, 25 август, бо ишора ба эҳтимоли коҳиши ҳамкориҳои байналмилалӣ сарвазири Русия Владимир Путин гуфт, ки кишвараш ҳеҷ имтиёзе аз узвияти эҳтимолӣ дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат намебинад ва бояд иҷрои баъзе ӯҳдадориҳои дар давраи музокирот гирифтаашро мутаваққиф намояд. Мисли ӯ, президенти Русия Медведев ҳам иброз доштааст, ки Русия ба қатъи равобиташ бо паймони НАТО ҳозир аст. Хабаргузории РИА Новости аз қавли Медведев овардааст, ки дар ҳоли зарурат Русия ба қатъи комили равобит бо НАТО омода аст.

Зиёда аз он Дмитрий Медведев ба ҷумҳурии собиқ шӯравии Молдова ҳушдор додааст, хатоҳои Гурҷистонро такрор накунад. Солҳои навадуми асри гузашта Русия сарбозонашро ба Молдова барои хатми низоъ миёни мақомоти Кишинёв ва ҷудоихоҳони минтақаи Назди Днестр фиристод. Рӯзи душанбе, 25 август, вазъи минтақаи Назди Днестр дар шаҳри Сочии Русия ҳангоми мулоқоти Медведев бо президенти Молдова Владимир Воронин арзёбӣ шуд. Дар поёни сӯҳбат раисҷумҳури Русия гуфт:

"Ҳаводиси ахир аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъзе низоъҳои ба истилоҳ " яхбаста" нерӯи бузурги харобиовар доранд. Мо дар Осетияи Ҷанубӣ шоҳиди чунин ҳол будем. Дар натиҷаи амалиёти ишғолгаронаи мақомоти Гурҷистон дар он ҷо бархӯрди низомӣ ба вуқӯъ пайваст."

Билохира, рӯзи душанбе, 25 август, Қасри Сафед эълон кард, ки ҳафтаи оянда ноибпрезиденти ИМА Дик Чейнӣ аз Озарбойҷон, Гурҷистон ва Украина зиёрат намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳоро арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG