Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

29-умин Бозиҳои Олимпӣ дар Пекин расман хотима ёфт


Пас аз 16 рӯзи мусобиқот, бисту нӯҳумин давраи Бозиҳои олимпӣ дар Пекин бо баргузории маросиме дар варзишгоҳи “Ошёнаи парранда” расман поён ёфт. Маросими пӯшидашавии бозиҳо шомили барномае ба муддати 2 соат буд, ки дар ҳузури беш аз 90 ҳазор тамошогар баргузор шуд. Дар ин маросим ҳазорон рақсанда ва хонандаи ин кишвар намоише иҷро карданд, ки ба гуфтаи дастандаркорони бозиҳои олимпӣ дар Пекин дар он бештар ба фарҳанг ва таърихи Чин пардохта шуд.
XS
SM
MD
LG