Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Пекин анҷом ёфт


Маросими пушидашавии Бозиҳои олимпии Пекин
Маросими пушидашавии Бозиҳои олимпии Пекин

Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Чин, ки тӯли 17 рӯз идома кард, шоми 24-уми август ба анҷом расид.

Дар маросими пӯшидашавии бозиҳо, ки дар варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда»-и шаҳри Пекин баргузор гардид, Луи Ҷи - раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ зимни суханронии худ ширкаткунандагони бозиҳоро сипос гуфт.

Сипас, президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Жак Рогге иброз дошт, ки Бозиҳои олимпии Пекин дар таърихи панҷҳазорсолаи Чин бузургтарин чорабиниест, ки бо муҳайё сохтани тамоми васоити муосири фаннӣ доир гардид.

Дар ин мусобиқот беш аз даҳ ҳазор варзишгар аз тақрибан 200 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Ҷаноби Рогге ба мизбонон ва тамоми мардуми Чин барои дар сатҳи баланд доир кардани Бозиҳои олимпӣ арзи сипос намуд. Вай гуфт, ин бозиҳо ки таҳти шиори «Як ҷаҳон, як орзу» баргузор шуданд, бешак ба ҳамдигарфаҳмии халқҳои сайёра мусоидат хоҳанд кард. «Мо ба Пекин ташаккур мегӯем, ва акнун баъди чаҳор сол шуморо ба Лондон марҳабо мегӯем», гуфт ҷаноби Рогге.

Парчами Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба мири шаҳри Лондон супурда шуд. Маросим бо ҳунарнамоии ҳунармандони машҳури олам ба анҷом расид.

Машъали Бозиҳои олимпии Пекин хомӯш шуд.

Олимпиадаи Пекин дар таърихи Бозиҳои олимпӣ ҳамчун беҳтарин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ ворид гардид. Шароити беҳтарин ба варзишгарони кишварҳои мухталиф имкон дод, ки дар бисёр риштаҳои варзиш рекордҳои ҷаҳониву олимпӣ гузоранд.

Тоҷикистон бо касби як нуқра ва як биринҷӣ ҷойи 57-умро гирифт.

XS
SM
MD
LG