Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод бо шибҳанизомиёни Толибон музокира намекунад


Рӯзи шанбе нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, давлати ӯ ҳиҷ гоҳ ба музокира бо шибҳанизомиёни Толибон тан намедиҳад, вале бо фақру бекорӣ, ки заминаи нооромиҳои ахир дар шимолу ғарби ин кишвар шудааст, мубориза хоҳад бурд. Покистон ба хотири он ки амалиёти низомӣ алайҳи шибҳанизомиёни Толибон дар манотиқи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистонро оғоз кардааст, бо мавҷи тозае аз ҳамалоти интиҳорӣ рӯбарӯ мешавад. Рӯзи панҷшанбе ба асари як чунин ҳамлаи интиҳорӣ дар як корхонаи аслиҳасозӣ дасти кам 64 тан кушта ва 70 тан маҷрӯҳ шуданд. Бо ин ҳол, нахуствазири Покистон ба ҳангоми аёдат аз осебдидагони ин ҳамла дар бемористон гуфт, давлат дари музокираро танҳо барои касоне, ки худро аз шибҳанизомиён ҷудо мекунанд ва силоҳҳои худро месупоранд, боз гузоштааст.
XS
SM
MD
LG