Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юшенко дар талоши ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Русия


Виктор Юшенко, раиси ҷумҳурии Укроин, аз Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) хост, бо густариши сареъи ин эътилофи низомӣ ба сӯйи кишварҳои шарқи Аврупо, посухе ба ҳамлаи Русия ба Гурҷистон диҳад. Оқои Юшенко дар гуфтугӯ бо нашрияи Таймз таъкид кард, ки Укроин омодааст, кореро, монанди афзоиши ҳазинаҳои низомӣ ва наздикии бештар бо НАТО анҷом диҳад, то аз ҳамлаи Русия ҷилавгирӣ кунад. Ба дунболи бӯҳрони ахир дар минтақаи Қафқоз, ҳамкориҳои низомии Русия ва НАТО мутаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG