Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ қаҳрамони футболи олимпиадаи Пекин хоҳад шуд?


Дар варзишгоҳи миллии шаҳри Пекин бозии ниҳоӣ барои унвони каҳрамони олимпиадаи Пекин дар бахши футбол байни дастаҳои Аргентина ва Нигерия дар ҳоли ҳозир идома дорад. Чуноне, ки харабнигори радиои Озодӣ аз Пекин хабар медиҳад, дар ҳамин ҳол ҳисоб 1:0 ба фоидаи Аргентина мебошад. Голро дар 58-ум дақиқа Ангел Ди Мариа аз масофаи тақрибан 17 метр ба нишон расонд. Бозӣ идома дорад. Дар бораи натоиҷи ниҳоии бозӣ хабарнигори мо дар давоми рӯз гузориш хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG