Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳирот 30 ҷангҷӯй кушта шуданд


Эътилофи зери раҳбарии ИМА иттилоъ медиҳад, ки дар ғарби Афғонистон бар асари ҳамлаи ҳавоии эътилоф 30 ҷангҷӯй ва аз ҷумла як фармондеҳи Толибон ба ҳалокат расиданд.
Сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон Зоҳир Азимӣ тасдиқ кард, ки дар Ҳирот чунин ҳамла ҷой дошт, вале ӯ афзуд, ки аз байни 30 қурбонӣ 5 нафар афроди осоишта буданд.
Ба қавли Азимӣ амалиёт замоне шурӯъ шуд, ки хадамоти иктишофӣ дар бораи ҷаласаи Толибон зери сарварии Мулло Сиддиқ маълумот гирифтанд. Соли равон дар ҷараёни хушунатҳои Афғонистон беш аз 3400 нафар, асосан ҷангҷӯён кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG