Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳномаи Туркманбошӣ қадрашро аз даст медиҳад


Дар Туркманситон мақоми асари собиқ президенти ин кишвар Сапармурод Ниёзовро поин мебаранд. Рӯҳнома, ки ҳамчун намунаи худпарастии Ниёзов арзёбӣ мешуд, аз ин ба баъд ҳамчун фанни алоҳида таълим дода намешавад. Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов мегӯяд, муҳассилин дар чорчӯби омӯзиши илмҳои иҷтимоӣ: фалсафа, равоншиносӣ ва таърихи нав дар бораи Рӯҳнома иттилоъ хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG