Нашрияи олмонии «Фокус» бо манзури онки дар ҷанги Қафқоз Маскав ва Тифлис якдигарро беинтиҳо муттаҳам мекунанд, таҳқиқоти вижаи журналистии худро гузаронда, чанд сабаби ин ҷангро, аз назари, худ ошкор кардааст. Ба қавли ин нашрия, Русия пас эъломи истиқлоли Косово аз Сербистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба вазъ дар Қафқоз зиёд мутаваҷҷеҳ шуда, дар моҳи май роҳи оҳани тахрибшуда бо Абхозистонро сохта ба истифода дод. Нашрия аз қавли манобеъи муътамади худ навиштааст, ки русҳо аз тариқи ин роҳи оҳан нерӯҳои худро ба минтақаи буҳронӣ аз қабл ворид карда, дар ҳафтаҳои ахир то шурӯъи ҷанг Гурҷистонро ба дасиса андохт ва пайт меҷуст то Саакашвилӣ ба ин дасисабозӣ дода шавад. Саакашвилӣ, менависад дар идома нашрия, ин дасисаро таҳаммул карда натавонист, ба Тсихинволӣ ҳамла кард ва Русия ба ҳадафи худ расид.
«Файненшл таймс»-и Бритониё менависад, ки Ғарб дар масъалаи Гурҷистон сахт иштибоҳ мекунад ва, қабл аз ҳама, ин кишварҳо бояд дақиқ кунанд, ки таҳдиди аслӣ барояшон аз куҷо маншаъ мегирад. Ба қавли рӯзнома, агар ин таҳдид аз олами ислом бошад, дахолат ба фазои геополитикии Русияро хотима бояд дод ва барномаи ҳамкорӣ бо Чинро рӯи даст гирифт. Ва агар дақиқ дарёбанд, меафзояд «Файненшл таймс», ки ин таҳдид аз Чин аст, бояд Амрико муносибаташ бо Русия ва олами исломро ба сурати мусбат ба роҳ монад ва муноқишаи Фаластину Исроилро ҳал кунад.
Рӯзномаи «Гардиан» аз қавли вазири хориҷаи Бритониё хабар додааст, ки раванди расмии пазируфтани Гурҷистон ба узвияти NАТО бо сабаби ҳамлаи Русия ба ин кишвар шурӯъ шудааст. Рӯзнома, бо истинод ба ин манбаъ афзудааст, пас аз таъсиси кумитаи таҳкими ҳамкориҳо, Гурҷистон «харитаи роҳнамо ҷиҳати узвият ба NАТО»-ро дарёфт кардааст.
Рӯзномаи «Глоуб энд мэйл»-иКонодо бо назардошти ҳаводиси ахири Қафқоз суъол гузоштааст, ки оё Русия ин эҳёи СССР-и нав нест? Ва посух додааст, агар Русия эҳёи СССР-и нав аст, пас Ғарб маҷбур аст сохтори сартосарии худро аз неоимпериализми Путин, ки пас аз ҷанги сард дар ҳудуди давлати коммунистии собиқи истиқлолёфта пайдо шудааст, ҳимоят кунад. Рӯзнома ҳамчунин навиштааст, далел он аст, ки ба ҳар иқдоми номақбули Ғарб барои Русия ин кишвар ба нуқтаҳои заъфи иқтисодиву сиёсии Ғарб фишор меорад.
Ҳами мардак рост мегӯяд, агар ту нафаҳмӣ, дар ҳаққи ин марди худо туҳмат назан!
110 сум чарима мега те да банк барои сигоркашит хахахх
войй дооооод!
Дар сурати надоштани хуччати тасдиккунанда, дар хакикат мумкин нест, чунин кор кардан ё хамчун хабарнигор акс гирифтан... Имруз шароиту замон чунин такозо мекунад, то кормандони хифзи хукук ба чунин амал даст зананд... Аммо гайриконуни чаримабастан ва ё ба коре гунахгор кардан хам дуруст нест............
Хукумат шарм намедорад, бо занхо ракобат ва нотавонбини мекунад. Кани бо фарзандхои худатон ин хел муносибат кунанд, чи кор мекардед? Фарк надорад савод дорад ё не. Як нафарро аз маош махрум кардану хакашро хурдан чавобгари дорад. Худованд бухург аст, иншоаллох он нафароне, ки махсусан бо занхо сар ба сар мешаванд, саришта мекунад.