Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замонбандии хурӯҷи артиши ИМА аз Ироқ


Ҳангоми мулоқоти Кондолиза Райс ва Нурӣ ал-Моликӣ, Бағдод, 21 август
Ҳангоми мулоқоти Кондолиза Райс ва Нурӣ ал-Моликӣ, Бағдод, 21 август

Амрико ва Ироқ бар сари масъалаи таъйини ҷадвали замонии ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ба тавофуқ расидаанд.

Аммо ҳаргуна ҷадвали замонӣ барои ихроҷи нерӯҳо бояд “амалӣ” бошад, гуфт Кондолиза Райс, вазири умури хориҷаи ИМА. Хонум Райс, ки ғайриинтизор вориди Ироқ шуд, гуфт, ҳарчанд созишнома такмил нашудааст, вале Амрикову Ироқ ба тавофуқ ниҳоят наздик ҳастанд. Кондолиза Райс зимни як нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зибарӣ гуфт: «Мо талош дорем, то ҳамроҳ созишномае ба даст орем, ки афроди моро ҳимоят кунад ва ба истиқлоли Ироқ эҳтиром гузорад. Созишномае, ки як навъ заминаҳоро барои такмили маъмурияти мо фароҳам оварад. Ҳамаи мо барои анҷоми он фидокориҳои бузурге кардаем. Аммо ҳадаф доштани нерӯҳои масъули амният дар Ироқ аст».
Ин созишномаи амниятии деринтизор, ки муддатҳост Амрикову Ироқ дар мавриди он музокирот доранд, барои ҳузури нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ баъди соли 2008 заминаи қонунӣ фароҳам кард, ки як навъ замони ихроҷи онҳоро низ муайян месозад.
Ҳушёр Зибарӣ пас аз мулоқот бо хонум Райс изҳор намуд, ки дар музокирот пешрафти чашмгире ҳосил шудааст: «Мо чанде аз масоъили минтақавӣ ва дохилии Ироқро баррасӣ кардем ва ҳамчунин чаҳорчӯби созишномаи стратегиро, ки, воқеан, дар робита ба он пешрафти азим ба даст омадааст. Мулоқоти хонум Райс бо нахуствазири Ироқ мусбат буд ва мо ба ниҳоӣ шудани ин созишномаи муҳим бисёр наздик омадем».
Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ҳоло бар асоси маъмурияти Шӯрои Амнияти СММ сурат мегирад, ки пас аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ дар соли 2003 иҷоза дод, то нерӯҳои Амрико дар Ироқ бимонанд.
Анҷоми замони иҷозаи Шӯрои Амният ва ба ҷои он имзо шудани созишномаи дутарафаи Ироқу Амрикоро ҳамчун як нишонаи истиқлоли Ироқ медонанд, чун худи ҳукумати ин кишвар баъди суқути Саддом Ҳусайн бори аввал ҳаққ пайдо мекунад, ки доир ба ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Ироқ мустақилона тасмим бигирад.
Аммо замони ҳузури нерӯҳо як масъалаи ҳассоси сиёсӣ барои ҳарду тараф аст, зеро Нурӣ ал-Моликӣ мехоҳад нишон бидиҳад, ки 144 000 сарбози амрикоӣ то замони зарурат дар кишвар хоҳанд монд, на бештар аз он.
Дар ҳамин ҳол, Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико намехоҳад, вақти муайяне барои ихроҷи нерӯҳо таъйин шавад. Кондолиза Райс низ гуфт, ки онҳо талош доранд, то ҳаргуна ҷадвали замонӣ бо назардошти шароит дар Ироқ иҷрошуданӣ бошад.
Мақомоти Ироқ мехоҳанд, то ки гаштзании ҳаррӯзаи нерӯҳои амрикоӣ дар хиёбонҳои Бағдод то миёнаҳои соли оянда хотима ёбад ва то соли 2010 ё 2011 тамоми нерӯҳои ҷангии Амрико хоки Ироқро тарк кунанд. Муҳаммад Ҳамуд, як тан аз гурӯҳи музокиракунандаи Ироқ, ба хабаргузории «Ройтерс» гуфтааст, тарҳи созишнома омода аст ва барои баррасиву тасвиб ба порлумони Ироқ пешниҳод хоҳад шуд. Аммо афзуд ӯ, дар тарҳи созишнома замони ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ зикр нашудааст.
Масъалаи дигари ҳалношудаи созишнома, масъалаи масунияти нерӯҳои Амрико дар баробари қонунҳои Ироқ ва мақоми зиндониёни ироқист, ки нерӯҳои Амрико посбонӣ мекунанд. Сарбозони Амрико тақрибан 21 ҳазор зиндониёни Ироқро посбонӣ мекунанд ва агарчӣ онҳоро зиндониёни хатарнок медонанд, вале онҳоро ба ҷинояте муттаҳам накардаанд.
XS
SM
MD
LG