Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизорҳои Русия ва Сурия аз мулоқоти Сочӣ


Дмитрий Медведев ва Башшор ал-Асад
Дмитрий Медведев ва Башшор ал-Асад

Имрӯз дар Сочии Русия мулоқоти раиси ҷумҳурии Сурия Башшор Асад бо ҳамтои русиаш Дмитрий Медведев баргузор гардид.

Димишқ, ки ҳанӯз аз солҳои шӯравӣ як шарики корбурдии Маскав будааст, ин навбат низ ба нишони ҳамраъйӣ дар низоъҳои мусаллаҳонаи Гурҷистон аз Русия пуштибонӣ кард. Бар ивази ин, ҳамонтавре ки баъзе коршиносон таъкид мекунанд, Сурия хоҳони ба даст овардани қарордодҳои нави таслиҳотӣ бо Русия шудааст.
Башшор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, як сафари дурӯзаи кориро ба Русия бо дидору мулоқоти ҳамтои русиаш Дмитрий Медведев шурӯъ мекунад. Интизор меравад, ки мавзӯъи аслии гуфтугӯҳо баррасии қарордодҳои таслиҳотӣ бо Маскав шавад. Ҳарду президент, ки нахустин бор дидор мекунанд, бо истифода аз ин фурсат масоъили зиёдро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Б. Асад муттафиқи деринаи Маскав аст ва ахиран бо истифода аз фурсати муносиб, яъне низоъҳои мусаллаҳонаи Русия бо Гурҷистон, бори дигар тарафдориаш аз Русияро ба намоиш гузошт.
Дар ҷараёни сафараш ба Русия раҳбари Сурия инчунин талош хоҳад кард, дар нисбати Исроил, ки кишвараш бо он дар ҳолати ҷанг қарор дорад, мавзеъгириҳои имрӯзаашро намоиш диҳад.
Дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи "Коммерсант", чопи Русия, ки як рӯз пеш аз сафари Асад чоп шуд, раиси ҷумҳурии Сурия, аз ҷумла, гуфтааст, ки Русия наметавонад дигар ба Исроил ба унвони як дӯсту муттафиқаш такя кунад ва дар чунин шароит "харидории аслиҳа барои Сурия хеле муҳим аст".
Бо назардошти ин ҳама, эҳтимол меравад, ки барои ҳарду ҷониб ҳам мулоқотҳои Сочӣ бомуваффақ анҷом шавад, чунки Русия, дар пайи мухолифатҳояш бо Гурҷистон, ҳанӯз ҳам бо Ғарб ихтилофи назар дорад.
Ба бовари таҳлилгарони сиёсӣ, пуштибонии Димишқ аз Маскав ва намоиши ҳамраъйии он дар қиболи Ғарб дар шароити кунунӣ ба манфиъати Русия мебошад.
Аммо аз нигоҳи таҳлилгарони ғарбии ин таҳаввулот, дар ҳолеки умеди Асад аз қарордодҳои фурӯши силоҳ хеле зиёд аст, баъид аст, ки Русия ба чунин иқдом мувофиқат кунад. Ин як масъалаи ҳассос аст. Ва, алорағми ин ки бисёриҳо ҳамоиши ахирро чун нишонае аз бозгашти даврони Ҷанги сард арзёбӣ мекунанд, аз он замон то имрӯз бисёр чизҳо тағйир ёфтааст. Дар сурате, ки Димишқ Маскавро ба унвони як шарики раҳбурдиаш арзёбӣ карда, ёди Иттиҳоди Шӯравӣ мекунад, вуҷуди равобити иқтисодии миёни Маскаву Тел-Авив имкони бозгашт ба он давраҳоро номумкин мегардонад.
Руслан Пухов, раҳбари Маркази мутолиъоти стротежӣ ва фанновариҳои Русия, ахиран дар мусоҳибааш бо нашрияи «MoscowTimes» гуфтааст, Русия майл надорад, ки Исроил «як манбаъи захираҳои арзишманди фанновариҳои навинро нохушнуд гардонад».
Тибқи гузоришҳо, соли гузашта Байтулмуқаддас бо дархости Маскав аз қарордоди фурӯши тонкҳои низомӣ ба Гурҷистон даст кашид. Ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки Исроилу Гурҷистон созишномаи фурӯши маводди инфиҷорӣ, мошинҳои низомӣ ва ҷалби мушовиронро имзо карда буданд.
Бо назардошти ин, суъол медиҳанд коршиносон, оё Башшор Асад, ки бори севум аст аз Русия дидор мекунад, ба Маскав чӣ пешниҳод карда метавонад?
Дар ҳамин ҳол, яке аз бартариҳои аслии Сурия пойгоҳи дарёии Тартус дар баҳри Миёназамин мебошад, ки феълан Маскав танҳо киштиҳои низомии худро дар инҷо мустақар кардааст ва дар оянда метавонад барои истиқрори ҳавопаймоҳои ҷангиаш низ онро истифода кунад. Бар ивази ин, Асад имкони харидории силоҳҳои русӣ, ба вижа системаҳои мушакии зиддиҳавоӣ ва зиддитонкиро ба даст меорад. Оқонси иттилоъотии «Интерфакс» хабар медиҳад, ки Сурия дар харидории системаи дифои ҳавоии «Panstyr-S, мушакҳои навъи «Замин-ҳаво»-и миёнапарвоз, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва сахтафзорҳои дигар ҳавасманд аст.
Ҳафтаномаи «Financial Times» зикр кардааст, ки Димишқ инчунин хостори азсаргирии музокирот барои харидории мушакҳои баллистикии "Искандар"-и сохти русӣ аст, ки назар ба мушакҳои феълан дар ихтиёри Димишқ будаи «Scud» ҷиҳати маҳви ҳадафҳо беҳтар аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ду соли пеш музокирот барои харидории ин мушакҳо мутаваққиф шуда буд.
Ҳанӯз маълум нест, ки оё ҳамаи ин хостаҳову интизориҳои Сурия дар мулоқотҳои Сочӣ бароварда хоҳад шуд ё на, аммо ҳамин чиз аён аст, ки Маскав ин кишвари, ба андешаи Вашингтон, ҷузъе аз "меҳвари шарорат"-ро чун шарики раҳбурдии худ дар Ховари Миёна арзёбӣ мекунад. Дар ин бора дар изҳороти ахири Кремлин ҳам таъкид шудааст. Маскав мегӯяд, дар тӯли солҳои 2000 то 2007-ум мизони тиҷорати молу коло миёни Сурияву Русия, ки соли гузашта 1 миллард долларро ташкил дода буд, имсол 500 дарсад афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG