Чех ва словакҳо имрӯз ҳодисаҳои чиҳил сол пеш -- ишғоли Чехословакия аз тарафи нерӯҳои таҳти раҳбарии Шӯравиро ёдоварӣ карданд. Тонкҳои шӯравӣ ва нерӯҳо аз кишварҳои Паймони Воршов шаби 20-уми августи соли 1968 вориди Чехословакия шуда, ҳукумати ислоҳотхоҳи онро барканор карданд. Дар муқовимат бо ишғолгарон зиёда аз 100 нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор нафар аз кишвар фирор карданд. Танҳо пас аз бист соли дигар, аҳолии ин кишвар тавонист, дар як инқилоби махмалӣ дар соли 1989 ҳукумати мардумиро ба қудрат расонад.