Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замонбандии хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, ва ҳамтои ироқии ӯ, Ҳушёр Зебарӣ гуфтанд, Иёлоти Муттаҳида ва Ироқ ба созиш расиданд, ки бояд замонбандии хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ муайян гардад. Райс ва Зебарӣ ҳамчунин гуфтанд, мавзеъи ду тараф дар масъалаи мақоми нерӯҳои Амрико дар Ироқ дар давраи пас аз итмоми мандати Созмони Милал дар поёни имсол ба ҳам наздик омад, аммо ҳанӯз созиш ҳосил нашудааст. Гуфтушуниде, ки дар масъалаи тавофуқи дарозмуддати амниятӣ чанд моҳ боз идома дорад, бо сабаби ихтилофи назарҳо дар бобати замони хуруҷи ниҳоии Иёлоти Муттаҳида аз Ироқ ба таъхир афтодааст.
XS
SM
MD
LG